Президенти Украина шахсан машқҳоро оғоз бахшида гуфт, ки ҳамкории эшон бо Амрико "ба сатҳи амалии сифатан нав мегузарад".
"Ҳамкориҳои стратегӣ байни Украина ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба марҳилаи сифатан нав, ки дар бахшҳо ва шароити мухталиф буруз кардаанд, мерасад", — изҳор дошт Порошенко зимни кушоиши машқҳо рӯзи душанбе.
Қаблан котиби матбуотии Пентагон сарҳанг Стив Уоррен гуфта буд, ки дар омӯзиши 3 баталони Гвардияи миллӣ наздики 290 низомӣ аз бригадаи 173-уми десанти ҳавоии Амрико ширкат мекунад, ки дар шаҳри Вичентси Итолиё мустақар ҳастанд.
Неруҳои ҳарбии Амрико ҳамтоҳои Украинии худро барои анҷом додани амалиётҳои ҷангӣ омода мекунанд. Ба вижа, ин машқҳо барои ташкили неруҳо, фаъолият дар ҳайати зерсохторҳо дахл дорад.