ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар Афғонистон гурӯҳҳои террористии "Давлати исломӣ" ва "Толибон" алайҳи ҳамдигар ҷиҳод эълом карданд, менависад Khaаma Press бо истинод ба Mashaal Radio.
Дар ин бора аз суханони раҳбари раёсати минтақавии ВКД дар вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон Набӣ Ҷон Муллоҳил рӯшан шуд ва ӯ афзуд, ки асноди дохилии ин гурӯҳҳоро дар ихтиёр дорад.
"Замоне, ки миёни давлати Афғонистон ва "Толибон" музокироти сулҳомез шурӯъ шуд, хадамоти ҷосусии кишварҳои хориҷӣ тасмим гирифтанд, ки барои нигаҳ доштани ҳолати мутташанниҷи ҷангӣ дар Афғонистон гурӯҳҳои ҷадиде таъсис бидиҳанд", — иқтибос овардааст Mashaal Radio аз суханони Муллоҳил.
Ба гуфтаи вай, дар асноде, ки дар дасти вай қарор доранд, раҳбари ин ду гурӯҳ ҳамдигарро таҳқир кардаанд: раҳбари "Давлати исломӣ" Абӯ Бакр ал-Бағдодӣ бунёдгузори ҷунбиши "Толибон" Мулло Муҳаммад Умарро "фармондеҳи бесавод" номидааст, ки сазовори "эътимоди майнавӣ ва сиёсӣ нест".
Дар навбаи худ раҳбари "Толибон" ба ҷангиёни худ фармон додааст, ки аз "Давлати исломӣ" ҷилавгирӣ кунанд ва нагузоранд, ки дар Афғонистон парчами худро барафрозанд.