ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ду зан ва як марди муттаҳам ба харидуфурӯши тифли навзодро боздошт кардааст, менависад сомонаи ин ниҳод.
Вазорат мегӯяд, як сокини 47-солаи ноҳияи Рӯдакӣ аз модари 24-солае дар ҳамин ноҳия тифли навзодашро, ки духтарча будааст, ба қимати якуним ҳазор сомонӣ харида, талош кардааст, онро гаронтар фурӯшад.
"Санаи 18 апрел ин зани 47-сола бо марди 43-солаи сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми хариду фурӯши тифли навзоди мазкур барои сокини 23-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ба маблағи 5200 сомонӣ дастгир карда шуданд", — омадааст дар хабари Вазорати умури дохилӣ.
Мақомоти пулиси Тоҷикистон мегӯянд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.