МОСКВА, 21 апреля, Пресс-служба Sputnik Назарпурсии байналмиллалии "Sputnik.Мнения", ки аз сӯйи оҷонсии чандрасонаии Sputnik якҷо ба ширкати пажӯҳишии бритониёии ICM Reseacrh анҷом дода шуд, мизони эътимоди шаҳрвандони Бритониё, Олмон, Юнон ва Фаронса ба расонаҳои саршиноси ин кишварҳо дар робита ба мавзӯъи бозтоби ҳаводиси Украинаро нишон дод.
Тибқи натоиҷи пажӯҳиш беш аз ними пурсидашудагон дар Олмон ва аксарияти пурсидашудагон дар Юнон ба ахбори расонаҳои саршинос дар робита ба ҳаводиси ҷанубу шарқи Украина эътимод надоранд. Ба воқеъи будани иттилоъи расонаҳои миллӣ ва фаромиллӣ дар робита ба ин мавзӯъро тақрибан нимаи фаронсавиҳо ва ҳудуди сӣ дарсади сокинони Бритониё эътимод надоранд.
Ба ин суол, ки "то куҷо Шумо ба расонаҳои миллии кишвари худ дар бораи бозтоби воқеъӣ ва бетарафонаи бӯҳрони Украина эътимод доред" беш аз ними пурсидашудагон (54%) дар маҷмӯъ ба расонаҳои саршиноси кишвари худ бовар надоранд. Ба расонаҳои худӣ танҳо 4% пурсидашудагон комилан эътимод доранд.
Бештар аз ҳама ба расонаҳои саршиноси кишвари худ сокинони Юнон эътимод надоранд — 76%, кт аз миён — 23% посух доданд, ки "комилан эътимод надорам ва 53% — "бештар эътимод надорам". Мизони адами эътимод ба расонаҳои саршиноси миллӣ дар Олмон низ баланд аст — 57% сокинон ҳамчунин ба воқеъӣ будани иттилоъот дар бораи ҳаводиси Украина бовар надоранд — "комилан эътимод надорам" (15%) ва ё "бештар эътимод надорам" (42%). Фаронсавиҳо дар робита ба бӯҳрони Украина тақрибан баробар эътимод доранд ва надоранд — мутаносибан 47% ва 40%.
Расонаҳои саршиноси Бритониё дар муқоъиса бо кишварҳои дигар дар миёни сокинони кишвари худ эътимоди бештар доранд. Танҳо 33% бар ин назаранд, ки набояд ба расонаҳои худӣ эътимод дошт, ҳарчанд 55% сокинон мутмаъинанд, ки расонаҳо ҳаводис дар Украинаро воқеъбинона ва бетарафона бозтоб медиҳанд.
Назарпурсӣ аз сӯйи ширкати ICM Research аз 20 март то 9 апрели соли 2015 дар Бритониё, Олмон, Фаронса ва Юнон баргузор шуда буд. 4001 нафар (1001 нафар дар Юнон ва дар кишварҳои дигар ҳазор нафарӣ) пурсида шуданд. Интихоби пурсидашудагон тибқи синну сол, ҷинсият ва география интихоб карда шудаанд.
Иттилоъ дар бораи тарҳи "Sputnik.Мнения"
Тарҳи байналмиллалӣ барои таҳқиқи назароти мардум моҳи июли соли 2014 оғоз шуд. Ширкати шинохтаи бритониёии ICM Research шарики ин тарҳ шуд. Дар чорчӯби тарҳи "Sputnik.Мнения" пайваста назарпурсии афкори умум дар робита ба масоили доғи иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Аврупо ва ИМА сурат мегиранд.
Sputnik (sputniknews.com) — ожонсии хабарӣ ва радио бо пойгоҳҳои иттилоъотиву чандрасонаӣ дар даҳҳо кишварҳои ҷаҳон мебошад. Sputnik аз сомонаҳо, радиошунавонии маъмулӣ ва рақамӣ дошта дар сомонаҳои иҷтимоӣ ҳузур ва шакли мобилии ин расонаро доро аст.