Сохтмони хати интиқоли нерӯи барқи Душанбе-НТМ дар Чорбоғ оғоз шуд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаМаросими гузоштани санги аввал дар сохтмони хати интиқоли нерӯи барқи Душанбе-НТМ
Маросими гузоштани санги аввал дар сохтмони хати интиқоли нерӯи барқи Душанбе-НТМ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои иҷрои тарҳи кашидани хутути интиқоли нерӯи барқи Душанбе-навоҳии тобеъи марказ, ки дарозиаш ҳудуди 500 километр аст, ҳудуди 500 миллион сомонӣ ихтисос шудааст.

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони хати интиқоли нерӯи барқи Душанбе-НТМ рӯзи душанбе оғоз бахшид, хабар медиҳад сомонаи раҳбари кишвар.

Зикр шудааст, ки дарозии хати интиқоли нерӯи барқи 500 кВтии Душанбе-НТМ 196 километр аст. Барои иҷрои ин тарҳи бузург, ки ба амнияти энержии кишвар мусоъидат мекунад, ҳудуди 500 миллион сомонӣ ихтисос шудааст ($1=6,13 сомонӣ).

"Дар чорчӯби ин иқдом ҳамзамон чанд тарҳи дигар, аз ҷумла сохтмони зеристгоҳи "Шаҳринав — 220 вВ", "Ҳисор —110 кВ" ва марҳилаи дуввуми Маркази гармиву барқии Душанбе-2 бо иқтидори 300 мегаватт сохта мешаванд", — иқтибос овардааст сомона аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги аввал дар рустои Чорбоғи ноҳияи Варзоб.

Ҳамчунин ширкати чинии ТВЕА, ки ба иҷрои ин тарҳҳо муваззаф шудааст, дар шаҳри Душанбе ва навоҳии дигар ба маблағи 80 миллион сомонӣ панҷ мактаб барои 7 ҳазору 700 хонанда дар ду баст месозад.

Дар маросим ҳамчунин узви бюрои сиёсии Комитети Марказии Ҳизби Коммунисти Чин, раҳбари ноҳияи худмухтори Шинҷон-Уйғури ин кишвар Чжан Чунсян ширкат кард. Вай аз рушди бонизоми равобити миёни Тоҷикистон ва Чин, иҷрои тарҳҳое дар заминаи иқдоми ин кишвар барои таъсиси камарбанди иқтисодии роҳи Бузурги Абрешими  изҳори қаноъатмандӣ кард.

Раҳбари кишвар ва меҳмони олимақом аз Чин, санги нахустини зербиноҳои панҷ мактаб ҳамагониро гузошта ба наслҳои оянда пайём низ ироъа карданд.

Лентаи хабарҳо
0