ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Шавкат Саидов, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе директори Муассисаи давлатии "Телевизиони пойтахт" таъйин гардидааст, хабар медиҳад сомонаи расмии шаҳрдорӣ.
Ӯ дар ин мақом Шаҳло Мӯсоеваро иваз намуд, ки моҳи январи соли 2014 ба ҷои Абдуқодири Абдуқаҳҳор раиси ин шабакаи телевизионӣ таъин гардида буд. Хонум Мусоева то расидан ба ин мақом Идораи фарҳанги ҳукумати шаҳри Душанберо раҳбарӣ мекард ва ҳоло маълум нест, чи мақомеро соҳиб мешавад.
Шавкат Саидов ба ҷуз аз сухангӯи шаҳрдори Душанбе будан, ёвари Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ҳам ҳаст.
"Телевизиони пойтахт" телевизионӣ ҷамъитист, аммо бештар хабарҳои марбут ба мақомоти иҷроияи шаҳри Душанберо пахш мекард.
Ин телевизион дар солҳои 90-уми асри пор таъсис шудааст, вале замони ба сари кор омадани Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар интиҳои соли 2012, шабака маъруфият касб кард. Бо рафтани Абдуқодири Абдуқаҳор дубора шумори бинандагони шабака коҳиш ёфт.