ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Сокини даҳсолаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон дар пайи ҳамлаи хуки ёбоӣ ҷони худро аз даст додааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.
Ба гуфтаи падари Наргиси 10 сола, хуки ёбоӣ якбора ба ду духтараки вай ҳамла мекунад. Духтаракон дар соҳили рӯдхона, ки аз назди ҳавлиашон ҷорист, гулчинӣ мекарданд. Духтараки бузурги 15 солааш тавонистааст аз ҷойи ҳодиса фирор кунад, вале духтараки кӯчакаш бо гирифтани ҷаҳор ҷароҳат дар ҷойи ҳодиса ҷони худро аз даст додааст.
Сокинони маҳаллӣ иддаъо доранд, ки дар моҳи апрел аллакай чанд мавриди ҳамлаи хукҳои ёбоӣ ба мардум рух додаанд.
"Ҳафтае қабл хуки ёбоӣ ба муаллими маҳаллӣ ҳамла кард ва вай ҷароҳатҳо аз пой ва тахтапушташ бардошт. Қаблан ин ҳайвонҳо умдатан ба чорвои хонагӣ қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҳамла мекарданд ва ҳамла ба инсон барои бори нахуст рух додааст", — гуфт корманди маҳаллии пизишкӣ.
Баъд аз ин ҳаводис пулиси ноҳия ба шикори хукҳои ёбоӣ оғоз кардааст. Вале, ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, шабона ин ҳайвонҳо ҳамчунон дар русто пайдо мешаванд, хабар медиҳад Озодӣ.