Саҳифагардонӣ: “Ба гражданинҳо ва гражданкаҳои Союзи Советӣ”

© Sputnik / Анатолий Гаранин / Гузариш ба медиабонкОмӯзиши ҷанговарон қабл аз сафар ба фронт. Августи соли 1941
Омӯзиши ҷанговарон қабл аз сафар ба фронт. Августи соли 1941 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Sputnik ба бознашри матолиби солҳои ҷангӣ, ки дар матбуоти тоҷик дар он солҳои дури 1941 ба табъ расида буданд, идома медиҳад.

"Нутқи Ҷонишини Раиси Совети Комиссарони Халқии СССР ва Комиссари Халқии Корҳои Хориҷии СССР рафиқ В.М. Молотов ба воситаи радио 22-ми июни соли 1941

Гражданинҳо ва гражданкаҳои Давлати Советӣ!

Ҳукумати Советӣ ва сардори он рафиқ Сталин ба ман супурданд, ки чунин изҳор намоям:

Субҳ дар соати 4 пагоҳӣ, ҳеч шарте ба Союзи Советӣ пешниҳод накарда, ҷанг эълон накарда, лашкари Германия ба мамлакати мо ҳуҷум карданд, дар бисёр ҷойҳои сарҳадҳои мо ҳамла намуда аз самолётҳояшон шаҳрҳои Киев, Севастопол ва баъзе шаҳрҳои дигарро бомбаборон карданд, дар ин вақт беш аз дусад кас кушта шуда бисёриҳо ярадор шудаанд.

Инчунин аз мамлакати Руминия ва Финляндия самолётҳои душман ҳуҷумҳо кард ва артиллерияи душман парон паронӣ кард.

Ин ҳуҷуми гӯшношунидае, ки ба мамлакати мо карда шуд, чунон сангинест, ки мислаш дида нашуда аст. Ба мамлакати мо ин ҳуҷум карда шуд, ки дар байни мо ва Германия договори ҳуҷумнакардан баста шудааст ва Ҳукумати Советӣ ҳама шартҳои ин договорро бо камоли софдилӣ иҷро карда меояд. Ба мамлакати мо бовуҷуди он ҳуҷум карда шуд, ки дар давоми муддати дар амал будани договор ҳукумати Германия ба СССР дар бобати иҷрои договор ягон бор даъвое карда натавонистааст. Ҳамаи ҷавобгарии ин ҳуҷуми мусалаҳонае ки ба Союзи Советӣ карда шуд, тамоман ва пурра ба дӯши ҳокимони фашистии Германия меафтад…

…Ҳозир ки ба Союзи Советӣ аллакай ҳуҷум карда шуд, Ҳукумати Советӣ ба аскарони мо фармон дод, ки ҳуҷуми ғоратгаронаро зада дафъ кунанд ва аскарони Германияро аз хоки ватани мо зада пеш кунанд.

Ин ҷангро ба гардани мо наинки халқи Германия, наинки коргарон, деҳқонон ва интеллигенсияи Германия ки азобу кулфатҳои ононро мо нағз мефаҳмем, балки гурӯҳи ҳокимони хунхори фашистии Германия бор карданд, ки инҳо франсузҳо, чехҳо, полякҳо, сербҳо, Норвегия, Белгия, Дания, Голландия, Гретсия ва дигар халқҳоро асир гардондаанд.

© SputnikМитинг дар фабрикаи либосдӯзии №2 Сталинобод
Митинг дар фабрикаи либосдӯзии №2 Сталинобод - Sputnik Тоҷикистон
Митинг дар фабрикаи либосдӯзии №2 Сталинобод

Ҳукумати Союзи Советӣ боварии қатъӣ изҳор мекунад, ки армия ва флоти диловаи мо ва лочинҳои далери авиатсияи советӣ ӯҳдадории худро дар пеши ватан, дар пеши халқи советӣ бо шаъну шараф иҷро мекунанд ва ба агрессор зарбаи ҳалокатовар медиҳанд…

…Ҳукумати Союзи Советӣ боварии қатъӣ изҳор мекунад ки тамоми аҳолии мамлакати мо, ҳамаи коргарон, деҳқонон ва интеллигенсия, марду зан ба вазифаҳои худ ва ба меҳнати худ ба таври даркорӣ бошуурона муносибат мекунанд. Тамоми халқи мо ҳозир бояд ҳамчун яктан, аз ҳар вақт дида зиёдтар муттаҳид бошад. Ҳар кадоме аз моён бояд аз худамон ва аз дигарон интизом, муташаккилӣ, фидокории сазовори патриоти ҳақиқии советиро талаб кунем, токи ҳамаи эҳтиёҷоти Армияи Сурх, Флот ва авиатсияро таъмин намоем, аз болои душман ғалаба карданро таъмин намоем.

Ҳукумат шумо, гражданинҳо ва гражданкаҳои Союзи Советиро даъват мекунад, ки дар атрофи партияи пуршарафи болшевикамон, дар атрофи Ҳукумати Советиамон, дар атрофи пешвои кабирамон рафиқ Сталин сафҳои худро бозҳам зичтар муттаҳид кунед.

Кори мо ҳақ аст! Душман торумор карда мешавад! Ғалаба дар тарафи мо мешавад!"

(Комсомоли Тоҷикистон. 24 июни соли 1941)

© SputnikМитинг дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Сталинобод
Митинг дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Сталинобод - Sputnik Тоҷикистон
Митинг дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Сталинобод

"Намоиши қудрати мағлубнашаванда ва хашму ғазаби халқ"

"МИТИНГИ МЕҲНАТКАШОНИ ШАҲРИ СТАЛИНОБОД ДАР ПАРКИ МАДАНИЯТ ВА ИСТИРОҲАТИ БА НОМИ ЛЕНИН

Дар шаҳрҳои советии мо ғоратгарона ҳуҷум кардани сагони хунхори фашистӣ халқи тоҷикро хеле ба ғазаб овард. Бегоҳии 22-ми июн дар Парки маданият ва истироҳати шаҳри Сталинобод, митинг доир шуд. Дар он 15 ҳазор нафар иштирок доштанд.

Дар митинг котиби КМ ПК (б) Тоҷикистон рафиқ Протопопов нутқи дурахшон эрод кард.

Мо медонем, ки — гуфт ӯ, — ҷангро халқи неметс не, деҳқонони он не, интелегентсияи он не, балки маҳз ҳокимони бенӯхташудаи фашистие сар кардаанд, ки онҳо халқҳои Полша, Фарнтсия, Чехия, Гретсия, Норвегия, Данияро асир кардаанд.

Ҳукумати Советӣ ҳамчунин тамоми меҳнаткашони ватани мо боварӣ доранд, ки Армияи Сурхи чандмиллионнафараи Коргару Деҳқон, Флоти Ҳарбӣ-Баҳрӣ, лочинони далери авиатсияти сталинӣ ӯҳдадории худро дар пеши ватан бо шаъну шараф иҷро мекунанд ва ба агрессорҳои бенӯхташудаи фашистӣ зарбаи ҳалокатовар медиҳанд…

…Зинда бод Армияи Сурхи Коргару Деҳқон, Флоти Ҳарбӣ-Баҳрӣ ва лочинҳои далери авиатсияи сталинӣ!

Зинда бод партияи дар ҷангҳо озмуда ва пухташудаи мағлубнашавандаи мо — партияи Ленин — Сталин!

Зинда бод пешвои партия ва халқҳои Союзи Советӣ, сардори Ҳукумати Советӣ рафиқ Сталин!

Суханони охирини рафиқ Протопопов бо чапакзаниҳои пурмавҷи дурудароз пешвоз гирифта шуданд. Садои пурқуввати "ура" ки ба шарафи Армияи Сурх ва Сталини кабир баланд шуд, майдонро ба ларза даровард…

…Нутқи шоири ордендор Абулқосим Лоҳутӣ пур аз хашму нафрат нисбат ба шайкаи фашистӣ буд.

Беҳаёгии бемислумонанди сагони девонаи фашистӣ беҷазо нахоҳад монд, — гуфт рафиқ Лоҳутӣ. — Ин сагони фашистӣ аз куҷое, ки омадаанд дар ҳамонҷо нест карда мешаванд. Коркунони санъат ва маданият — нависандагон, шоирон, журналистҳо, артистҳо — тамоми интеллегентсияи Тоҷикистон худро барои нест кардани душманони ватани сотсиалистӣ мобилизатсия шудагӣ мешуморанд. Ҳаёти худро дареғ надошта, барои хушбахтии инсоният мубориза мебарем, читавре ки инро Сталини кабир талаб мекунад, мубориза бурда ва ғолиб мешавем.

Митинг дар Парки маданият ва истироҳати Сталинобод барпо шуда ба намоиши он мубаддал шуд, ки халқи тоҷик дар ҳар минут тайёр аст ба муҳофизат кардани ватани кабири сотсиализм барояд. (ТоҷикТА)."

(Комсомоли Тоҷикистон. 24 июни соли 1941)

Лентаи хабарҳо
0