ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Маросими оғози сохтмони маҷмаъаи биноҳои маъмурии Идораи алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон 17 апрел дар Душанбе бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, хабар медиҳад маркази матбӯъотии раҳбари кишвар.
Тарҳи биноҳои ояндаи Идораи алоқа ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳангоми маросими расмии оғози сохтмон муъаррифӣ шуданд.
"Ин маҷмаъа бар ивази беш аз 630 миллион сомонӣ (ё ҳудуди $100 млн) дар тӯли се сол сохта мешавад. Раҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти ин нукта, ки ин маҷмаъа дар канори майдони марказии пойтахт воқеъ мешавад, дастур дод, ки тарҳи он бо дарназардошти талаботи муъосири шаҳрсозӣ такмил дода шавад", — хабар медиҳад сомонаи раиси ҷумҳур.
Зикр мешавад, ки маҷмаъаи оянда аз як бинои 30-табақа ва ду бинои 25-табақа барои ниёзҳои Идораи алоқа, ниҳодҳои марказии Тоҷиктелеком ва Почтаи тоҷик пешбинӣ шудааст.
Тибқи дурнамо дар ин ҷо дафотири куллия ниҳодҳои давлатӣ ва хусусии арсаи алоқа ва намояндагиҳои онҳо воқеъ хоҳанд шуд.
"Интизор меравад, ки дар 5 табақаи нахустини ин маҷмаъа марокизи тиҷориву хадамотӣ ҷойгир шуда дар онҳо садҳо ҷойҳои нави корӣ таъсим мешаванд", — зикр шудааст дар хабар.
Бо дарназардошти ин нукта, ки феълан бозгашти муҳоҷирони корӣ ва таъмини онҳо бо ҷойҳои корӣ масъалаи доғи рӯз аст, хабар дода шудааст, ки танҳо дар сохтмони ин биноҳо беш аз 600 нафар коршиносони тоҷик дар бунёди ин биноҳо бо кор таъмин хоҳанд шуд.