ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2015 дар ҳаҷми $966,2 миллион шуда ба 11,8% умдатан аз ҳисоби коҳиши воридот коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад Ожонси омори Тоҷикистон.
Содироти колоҳо $214,5 миллион шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 12,7% камтар мебошад. Воридот $751,7 миллион шудааст, ки нисбати семоҳаи аввали соли 2014 ба 16,9% коҳиш ёфтааст.
Содирот аз ҳисоби тиҷорати сангҳои қимматбаҳо ва фузулот 4,8 маротиба афзоиш ёфта, мошинолот ва таҷҳизот — 2,3 маротиба бештар шудааст. Ҳамзамон содироти фузулоти ғайринодир ва колоҳо аз онҳо ба 29,7%, маводи минералӣ ба 19,1% ва маҳсулоти растанаӣ 22,4% камтар шудааст.
Воридоти сангҳои қимматнок ва камарзиш ва фузулот 37,8 маротиба ё ба $38,1 миллион, мошинҳо ва таҷҳизот ба 20,5% ё ба $12,5 миллион бештар шудааст.
Коҳиши воридот аз ҳисоби маводди минералӣ ба 26,1%, васоили нақлия ба 50,8%, маводи кимиёӣ ба 39,4%, маҳсулоти рустанӣ ба 15,1%, тахта ва маҳсулот аз он ба 19,6%, маводди чорводорӣ ба 24,5%, матоъ ва маҳсулот аз он ба 41,6%, ғизои омодашуда ба 7,6% коҳиш ёфтааст.
Тоҷикистон бо 72 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 10 кишвари ИДМ ва 62 кишвари хориҷии дур равобити тиҷоратӣ доштааст.
Аз ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ 49,2% ва ё $475,1 миллион ва кишварҳои хориҷии дур 50,8% ё ба $491,1 миллион додугирифт шудааст.
Дар маҷмӯъ дар тиҷорати хориҷӣ дар моҳи январ марти соли 2015 дар муқоъиса бо ҳамин давраи соли гузашта тиҷорат бо кишварҳои ИДМ 13,7% ва бо кишварҳои хориҷии ду ба 9,8% коҳиш ёфтааст.
Мизони тиҷорати хориҷӣ дар моҳи марти соли 20015 дар муқоъиса бо ҳамин давраи соли гузашта 3,6% ё ба 13,2 миллион доллар коҳиш ёфтааст.
Шарикони аслии Тоҷикистон дар бахши содирот Швейтсария мебошад, ки 30,1% ҳаҷми умумии маҳсулот ба ин кишвар содир шудааст, Туркия — 25,3%, Қазоқистон — 16,1%, Ӯзбекистан — 9,4%, Эран — 7,2%, Русия — 7,1%, Афғонистон — 3,3%, Покистон — 3,2%, Италия ва Чин — 1,8%-и ва ғайра.
Воридот умдатан аз Русия — 33,4% ҳаҷми умумӣ, Қазоқистон — 16,7%, Чин — 11,0%, Швейтсария — 5,3%, Эрон — 5,1%, Туркия — 4,0%, Туркманистон — 3,3%, Литва — 3,2% Афғонистон — 2,6%, ИМА — 1,9%, Олмон — 1,7%, Ямайка — 1,4%, Покистон — 1,2%, Ҷумҳурии Куриё — 1,0%, Белорус ва Қирғизистон — 0,8%-ӣ ва ғайра.
Фарқияти бештари содирот бар воридот дар тиҷорат бо Швейтсария ($24,6 миллион) ва Туркия ($24 миллион) мушоҳида шудааст.