Шарҳи ҳоли Маҳмадсаид Убайдуллоев

© Sputnik / Амир ИсаевМаҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳмадсаид Убайдуллоев барои панҷ соли дигар раиси Маҷлиси Милли интихоб шуд, ин сиёсатмадор 15 сол раҳбарии ин маҷлис ва ҳудуди бист сол раиси пойтахтро бар ӯҳда дорад.

Маҳмадсаид Убайдуллоевич Убайдуллоев 63 сола аст, вай 1 феврали соли 1952 дар рустои ба номи Кирови колхози "Роҳи Ленин"-и ноҳияи Фархор дар хонаводаи Убайдулло Маҳмудов ва Саъбагул Назирова таваллуд шудааст. Оиладор, ду писар ва як духтар дорад.

Соли 1970 Донишкадаи фаннии Тоҷикистон, соли 1972 Донишкадаи фаннии Харков дар Украина, соли 1985 Мактаби олиии ҳизбӣ дар назди КМ ҲКИШ дар Тошкандро бо баҳои аъло хатм кардааст.

Шуғли дустдоштааш — сиёсат, мантиқ, диалектика ва фалсафа.

Убайдуллоев аз соли 2000 раиси Маҷлиси Миллӣ аст ва баъд аз раиси ҷумҳур шахси дуввуми расмӣ дапр Тоҷикистон мебошад. Аз соли 1996 раиси шаҳри Душанбе низ мебошад.

То замони таъйин ба вазифаи раиси шаҳр дар симматҳои зерин фаъолият кардааст:

солҳои 1994-1996 — муъовини аввали нахуствазири Тоҷикистон,

солҳои 1992-1994 — муъовини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон,

солҳои 1990-1992 — муъовини раиси Комиҷроияи Шӯрои вакилони халқи вилояти Кӯлоб,

солҳои 1988-1990 — мудири раёсати омори вилояти Хатлон,

солҳои 1986-1988 — мудири бахши саноъат, нақлиёт ва маводди ниёзи мардум дар комитети вилояти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон,

солҳои 1985-1986 — муъовини раиси Раёсати марказии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон,

солҳои 1981-1983 — мудири бахши ташкилии комитети иҷроияи ҲКТ дар шаҳри Кӯлоб,

солҳои 1979-1981 — корманди бахши ташкилии комитети шаҳрии ҲКТ дар Кӯлоб,

солҳои 1976-1979 — мудири маркази ҳисоббарории раёсати омори вилояти Кӯлоб,

солҳои 1975-1976 — сармуҳандиси истгоҳи ҳисобҳои мошинии раёсати омори вилояти Кӯлоб,

солҳои 1974-1975 — муҳандиси калони гурӯҳи раҳбарӣ ва назорати кори истгоҳҳои ноҳиявии (шаҳрӣ) раёсати омори вилояти Кӯлоб.

Мавод тибқи иттилоъи манобеъи дастрас таҳия шудааст.

Лентаи хабарҳо
0