ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Будҷаи давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2015 дар ҳаҷми 2,8 миллиард сомонӣ шудааст, ки нисбати барномарезӣ 4,4% камтар мебошад — умдатан воридоти андозҳо коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад Ожонси омори Тоҷикистон.
Куллияи омори семоҳаи аввал таҳия нашудаанд ва ба ин далел омори моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ ироъа шудаанд.
Омори расмӣ нишон медиҳад, ки ҳаҷмии умумии будҷаи давлатӣ дар моҳҳои январ ва феврали соли 2015 1,9 миллиард ё 95% дурнамо шудааст.
Бо вуҷуди иҷро нашудани дурнамо, маблағи будҷа дар муқоъиса бо моҳҳои январ ва феврали соли 2014 афзоиш ёфтааст.
Воридот дар ин муддат 1,9 миллиард сомонӣ шудааст, ки 207 миллион бештар мебошад. Махориҷи пули будҷа низ ҳудуди 300 миллион сомонӣ афзоиш ёфта ба 1,7 миллиард сомонӣ расидааст.
Воридоти маболиғи андоз дар моҳҳои январ ва феврали соли 2015 ба 1 миллиарду 521,1 миллион сомонӣ расида нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 26,7 миллион сомонӣ ё 2,7% коҳиш ёфтааст.
Аз андозҳои асосӣ: андоз аз даромад ва андоз аз фоида дар моҳҳои январ ва феврали соли 2015 дар муқоъиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба 56,8 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, андоз аз нархи изофашуда ва аксизҳо ба 68,5 миллион сомонӣ ва 14,4 миллион сомонӣ коҳиёш ёфтаанд.
Воридоти ғайриандозӣ дар ҳаҷми умумии даромадҳо 10,7% ё 204,7 миллион сомонӣ шудааст, ки дар муқоъиса бо моҳҳои январ ва феврали соли гузашта 82,8 миллион сомонӣ бештар аст.
Махориҷи будҷаи давлатӣ дар моҳҳои январ ва феврали соли 2015 1 миллиарду 764,2 миллион сомонӣ шуда нисбати ҳамин давраи соли 2014 ба 346,4 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Бештар аз ҳама маболиғи будҷа ба арсаи ҳифзи иҷтимоӣ — 387 миллион сомонӣ, маориф — 314,2 миллион сомонӣ ва мақомоти давлативу раҳбарӣ — 150,5 миллион сомонӣ масраф шудааст. Ба саноъат ва сохтмон камтар аз ҳама — 29,4 миллион сомонӣ масраф шудааст.