“Муколамаи мустақим” бо Путин: қурби рубл, буҳрони Украина, оташсӯзӣ

Обуна шудан
Раиси ҷумҳури ФР Владимир Путин ҳангоми муколамаи ҳамасола бо сокинони Русия ба 74 саволи мардум дар бораи вазъи сиёсӣ ва рушди иқтисодии кишвар посух дод.

Раҳбари кишвар суханронии худро, ки 3 соату 57 дақиқа тӯл кашид, аз ироъаи омори рушди тавлидоти нохолиси миллии Русия дар соли гузашта оғоз карда ба рушди бесобиқаи истихроҷи нафт таъкид кард.

"Дар соли гузашта мизони воқеъии тавлидоти нохолиси Русия 0,6% рушд кард. Албатта ин рақам бузург нест, вале ин рушд аст. Тавлидоти санъатӣ каме бештар рушд кард: 1,7%. Аммо саноеъи коркард ба 2,1%. Истихроҷи нафт дар таърихи навин 525 миллион тонна шуд", — зикр кард Владимир Путин.

Раиси ҷумҳури ФР изофа кард, ки "мо нуқтаи баландтарини мушкилотро паси сар кардем", ки ба бозпас додани қарзҳои хориҷӣ ва танзими қурби пули миллӣ марбут буд, вале бо вуҷуди ин "масоиле боқӣ мондаанд".

"Мо қурби пули миллиро танзим кардем, ва ҳодисае рух надод, ҳама фаъол аст. Бале, мо мушкилоте дорем: таваррум каме боло рафт, мизони бекорӣ як каме афзоиш ёфт, вале на ба гунаи манотиқи Иттиҳодияи Аврупо — он ҷо беш аз 11% аст, дар мо бошад феълан ҳамагӣ 5,8%. Ба ин далел ин ҳама саҳмест дар тақвияти қурби пули миллӣ", — изофа кард Путин.

Ҳамчунин зимни "Муколамаи мустақим" раиси ҷумҳури ФР шароитҳои барқарор сохтани равобит бо Ғарбро эълом кард ва қавл дод бо Украина ҷанг намешавад.

Зимни омодагӣ ва баргузории "Муколамаи мустақим" бо раиси ҷумҳури ФР беш аз 3 миллион тамосҳои телефонӣ ва пайёмакҳо ворид шуданд, гуфт яке аз муҷриҳои "Муколамаи мустақим" Кирилл Клейменов.

Баргузории муколамаҳои мустақими телевизионӣ ҳанӯз дар замони раёсати ҷумҳурии нахустини Путин оғоз шуда буданд. Тамоси нахустин 24 декабри соли 2001 сурат гирифт. Дар соли 2013 тӯлонитарин муколамаи мустақим сурат дошт, ки 4 соату 47 дақиқа тӯл кашид. Дар солҳои 2004 ва соли 2012 муколамаи мустақим баргузор нашуд.

Лентаи хабарҳо
0