Дар Тоҷикистон фаъолияти нукоти хусусии табодули асъор қатъ мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевМардум дар назди нуктаи табодули асъор дар Душанбе. 18 декабри соли 2014
Мардум дар назди нуктаи табодули асъор дар Душанбе. 18 декабри соли 2014 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи муқаррароти ҷадиди танзимгари миллии молӣ, ҳар як мавриди тиҷорати арзи нақдӣ аз сӯйи шаҳрвандон бояд аз сӯйи куллияи муъассисот расман сабт шаванд.

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар қаламрави кишвар фаъолияти нукоти хусусии табодули асъорро муттавақиф созад, хабар медиҳад маркази матбӯъотии БМТ.

Тибқи дастури Бонки миллӣ фаъолияти нукоти хусусии табодули асъор аз рӯзи ҷумъаи 17 апрел муттавақиф мешавад.

Чунин иқдом, омадааст дар хабар, ба манзури танзими вазъи дар бозори нақдии асъори Тоҷикистон ва ҷилавгирӣ аз мавориди "тиҷорати носолим" — боло бурдани қурби доллар аз сӯйи бархе нукоти табодули асъор ва ҳамчунин ба хотири ҳимояти манофеъи муштариёни муъассисоти қарзӣ гирифта шудааст.

Бар пояи қавоиди ҷадид куллия муъассисоти қарзӣ муваззафанд ҳар як мавриди фурӯши арзи нақдӣ ба сокинонро сабт кунанд.

Тасмими мушобеҳ аз сӯйи бонки аслии кишвар дар моҳи марти соли ҷорӣ низ тасвиб шуда буд. Он замон БМТ ба нукоти хусусии табодули арз фурӯши долларро мамнуъ карда ин ҳаққро танҳо ба бонкҳои тиҷоратӣ ва нукоти табодули асъори онҳо вогузор карда буд.

Феълан дар нукоти хусусии табодули асъор барои як доллари амрикоӣ 6 сомониву 33 дирам медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0