Убайдуллоев бори дигар раиси Маҷлиси Миллӣ шуд

© Фото : Официальная страница М. Убайдуллаева в FacebookМаҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳмадсаид Убайдуллоев бо пуштибонии раъйи 32 нафар аъзои Маҷлиси Миллӣ дигарбора курсии раисии ин ниҳодро соҳиб шуд.

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев бо пуштибонии 32 нафар аъзои Маҷлиси Миллӣ дар даъвати панҷум, курсии раисиашро ҳифз кард, менависад оҷонсии "Озодагон".

Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон ва куҳансолтарин узви Маҷлиси Миллӣ имрӯз, 17-уми апрел дар ҳузури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон номзадии Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба мақоми раисӣ дар палатаи болоии парлумони кишвар пешниҳод кардааст.

Бинои порлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласаи муштараки маҷолиси порлумон бо ҳузури раиси ҷумҳур мегузарад

Тавре Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба оҷонсӣ аз нахустин ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ дар даъвати панҷум, иттилоъ додааст, ба ҷонибдорӣ аз раисии Маҳмадсаид Убайдуллоев 32 узви Маҷлиси Миллӣ ҷонибдорӣ кардааст. Раиси палатаи болоии парлумон дар Тоҷикистон баъди раисиҷумҳур шахси дуюм ба ҳисоб меравад.

Дар нахустин ҷаласаи палатаи болоӣ даъвати панҷум инчунин интихоби муовинон ва раисони Кумиттаҳои соҳавии Маҷлиси Миллӣ дар назар аст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҳоле раис интихоб шуд, ки қаблан, бо вуҷуди ба синни нафақа расиданаш тавонист ду курсияш-раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси вакилони шаҳриро ҳифз кунад. Маҳмадсаид Убайдуллоев як моҳи пеш дар нахусти ҷаласаи вакилони шаҳри Душанбе гуфт, мехост аз мақоми раиси шаҳр истеъфо бидиҳад, вале Президенти Тоҷикистон истеъфояшро напазируфт.

Убайдуллоев дар оғози маҷлиси вакилони тозаинтихоб изҳор дошта буд, "чунин эҳтимолият вуҷуд дошт, ки ман дигар кор накунам, чун ба синни нафақа расидаам. Аммо сарвари давлат изҳор доштанд, ки ҳоло вақти нафақа нест, шумо бояд кор кунед".

Маҳмадсаид Убайдуллоев, якуми феврали соли равон, ба синни 63-солагӣ расид, ки дар қонунгузории Тоҷикистон ҳамчун синни нафақа барои мардон муқаррар шудааст. Ҳарчанд дар пасманзари 63-солагии Убайдуллоев овозаҳо дар мавриди эҳтимоли барканорияш зиёд гардиданд, ӯ тавонист, ки мақоми раисияшро дар шаҳрдории Душанбе ва Маҷлиси вакилони шаҳр ҳифз кунад.

Ин дар ҳолест, ки бо фармони раисиҷумҳур нисфирӯзи 17-уми апрел нахустин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ даъвати панҷум баргузор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0