Ба Рӯзи пойтахт дар Душанбе 15 бино мавриди истифода қарор мегиранд

© Sputnik / Амир ИсаевБа Душанбе баҳор омад
Ба Душанбе баҳор омад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ҳамасола рӯзи шанбеи севвуми моҳи апрел таҷлил мешавад. Дар ин рӯз дар куллия боғҳои Душанбе гаштугузори мардум ва иқдомоти мухталиф баргузор мешаванд.

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Дар остонаи таҷлил аз Рӯзи пойтахтбархе аз таъсисоти сохтмонӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт, хабар медиҳад маркази матбӯъотии шаҳрдории Душанбе.

Аз Рӯзи пойтахт ҳамасола дар рӯзи шанбеи севвуми моҳи апрел таҷлил мешавад. Имсол ин ҷашн ба 18 апрел мувофиқ омад.

Дар маҷмӯъ, дар ин рӯз 15 бино мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Аз ҷумла, интизор меравад қисмате аз маҷмаъаи сохтмони манзилии "Qatari Diar" ва ширкати "Султони Кабир" боз шаванд.

Дар рӯзи ҷашн дар куллия боғҳои пойтахт маросимҳои мухталифи фарҳангӣ баргузор мешаванд. Ҳамчунин аз соати нӯҳи субҳ ниммарафони байналмиллалии шашум оғоз мешавад, ки дар он ҳам сокинони маҳаллӣ ва меҳмонони хориҷии пойтахт ширкат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0