ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Тоҷикистон аз Ҷомеаи давлатҳои арабӣ (ҶДА) дархост кардааст, ки намояндаи доимии ҷумҳуриро дар созмон сабти ном намоянд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКХ.
Ҷомеаи давлатҳои арабӣ созмони байналмилалӣ буда, 27 кишвари арабӣ ва ғайриарабиро, ки бо он ҳамкории дӯстона доранд, муттаҳид месозад.
Бино ба қавли манбаъ, рӯзи чоршанбеи 15 апрел дар Қоҳира Дабири кулли Ҷомеаи давлатҳои арабӣ Набил ал-Арабӣ сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқоти мазкур дипломати тоҷик паёми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Асловро ба Дабири кулли Ҷомеаи давлатҳои арабӣ Набил ал-Арабӣ дар бораи таъйин намудани Намояндаи доимии кишвари мо дар Ҷомеаи давлатҳои арабӣ супорид.
Гузашта аз ин, мусоҳибон дар он дидор дар бораи масъалаҳои густариши бештари ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷомеаи давлатҳои арабӣ дар соҳаҳои гуногун мубодилаи афкор намуданд.
Бояд қайд кард, ки дар чаҳорчӯби Нахустин иҷлоси Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки 13 майи 2014 дар Риёз баргузор гардида буд, байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷомеаи давлатҳои арабӣ Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расида буд. Дар назар аст, ки кишвари мо нишасти ояндаи Форуми мазкурро дар соли 2016 мизбонӣ кунад.