Путин: Русия қасд надорад империя созад

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрямая линия с президентом России Владимиром Путиным
Прямая линия с президентом России Владимиром Путиным - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба андешаи президенти Русия Владимир Путина, бунёди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё имкон медиҳад, ки зиндагии шаҳрвандони Русия, Белорус, Қазоқистон беҳтар шавад.

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Русия қасд надорад империя созад, вале барои рушди равандҳои якпорчасозӣ талош меварзад, изҳор доштааст зимни барномаи телевизионии муколамавии "Прямая линия" президенти Русия Владимир Путин.

Вай тазаккур дод, ки бунёди Иттифоқи иқтисодии Авруосиё имкон медиҳад зиндагии шаҳрвандони Русия, Белорус ва Қазоқистон беҳтар шавад.

"Мо муносиботамонро дар доираи Иттифоқи иқтисодии Авруосиё бо ҳамсоягонамон — Қазоқистону Белорус рушд медиҳем. Мафҳуми ин иттиҳодшавӣ чист — мафҳумаш ин нест, ки ба худамон ҷалб кунем, не. Ба ин маънист, ки сокинони кишварҳои мо зиндагии беҳтар дошта бошанд, сарҳадҳо озод бошанд… Мо ҳоло чунин муносибатро бо Арманистону Қирғизистон ба роҳ мондаистодаем", — гуфт Путин.

"Мо хеле мехоҳем, ки ин раванд рушд ёбад, муҳимтарин масъала ҳамин аст, на ҳифзи ким кадом як доираи нуфузи худ. Мо қасд надорем империя созем. Чунин аҳдоф надорем. Талош мекунанд бо ин баҳона моро доим муттаҳам кунанд. Ин раванди дуруст ва табиии якпорчасозист. Тамоми ҷаҳон дар роҳи якпорчасозӣ гом мениҳад", — изҳор доштааст президенти Русия.

Лентаи хабарҳо
0