Ин вазъиятро, ки вобаста ба таҳримҳо ба миён омадааст, метавон ба нафъи иқтисоди кишвар истифода кард, иброз дошт сарвари давлат ва афзуд, ба ин роҳ метавон ба дастовардҳои дигар ноил шуд.
"Таҷҳизотеро, ки ба ҷои содироти хориҷӣ ҳамакнун дар кишвар истеҳсол мешавад, рушд додан даркор. Ҳар чӣ бештар ва сареътар. Ман мутмаинам, ки ин ба рушди фанноварии муосири ватанӣ мусоидат мекунад",- қайд кард Путин.
Президент ҳамчунин илова кард, ки пас аз шомил шудани Русия ба СҶТ барои маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилӣ "ҷой намерасид", ҳамакнун, ин монеъа низ бартараф шуд.
Муколамаи нахустини президенти Русия Владимир Путин бо сокинони ФР 24 декабри соли 2001 баргузор шуда, тариқи ду шабакаи телевизионии кишвар — ОРТ ва РТР пахш гардид. Дар баробари шабакаҳои ТВ, радиои "Маяк" низ он барномаро мустақим пахш кард. Он вақт ба президент беш аз 400 ҳазор савол ироа гардида буд.
Соли 2014 "Муколамаи мустақим" бо Владимир Путин 3 соату 55 дақиқа идома ёфт. Тайи ин муддат райисҷумҳур ба 81 савол посух дод, ки 35-тои он ба масъалаи Қрим ва Украина рабт доштанд.