Тахайюлоти Русия дар бораи НАТО чандон тахайюл набудааст?

© Sputnik / Игорь Чуприн / Гузариш ба медиабонкКиштии низомии НАТО. Акс аз бойгонӣ
Киштии низомии НАТО. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НАТО низомиёни украиниро бо таҷҳизот ва кормандон дар қалби Украина, ки табадуллотро паси сар кард, пуштибонӣ мекунад. Ва дар ҳамин ҳол Русия ҳамчунон хатар аст? Хабарнигори Sputnik News изҳороти НАТО-ро ба баррасӣ гирифт.

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. НАТО Русияро бо дарназардошти куллияи аъмоли ин эътилоф набояд манбаъи хатар арзёбӣ кунад, менависад Sputnik News.

Хабарнигор матлаби дар авохири соли гузашта мунташиркардаи НАТО дар бораи бепоя будани тахаюллоти Русия дар бораи ин созмонро пажӯҳиш кардааст.

Тибқи як банди он НАТО қавл дода буд, ки ба самти шарқ тавсеъа намеёбад. Эътилоф иддаъо дошт, ки гӯиё чунин қавле надодааст. Муаллифи матлаб аз суханони Михаил Горбачёв иқтибос овардааст, ки гуфта буд: "Дар ҷараёни музокирот барои ба ҳам омадани ду Олмон онҳо замонат доданд, ки НАТО ба самти шарқ фаъол намешавад".

Дар ҳамин ҳол Sputnik News изофа мекунад, ки воқеъан Горбачёв замонати хаттӣ нагирифтааст.

Путин: артиши Киев ин легиони НАТО аст

Ҳамчунин НАТО қаблан изҳор дошта буд, ки иддаъои Русия дар бораи он, ки замонати саддарсадӣ мабнӣ бар он, ки Украина ба НАТО намепайвандад низ тахайюл аст.

Эътилоф аз созишномаи соли 1975 Хелсинки иқтибос овардааст, ки тибқи он кишварҳои зери ин санад имзо гузошта аз ҳаққи пайвастан ба созмонҳои дигар бархурдоранд.

Sputnik News зикр мекунад, ки худи Русия ин таъаҳуддотро нақз накардааст ва ба вижа мухолифи пайвастани Украина ё кишвари дигаре ба ҳар гуна созмон набудааст. Вале ин таъаҳуддот ба мавориде рабт надоранд, ки бо кӯмаки ИМА миллатгароён дар пайи табаддулоти давлатӣ сари қудрат меоянд.

Аммо НАТО идома медиҳад Sputnik чандин бор тавофуқоти Хелсинкиро нақз карданд, бавижа дар замони амалиёти худ дар Югославия.
Як мавриди дигари "тахаюлли русӣ" дар бораи НАТО аз он бобат аст, ки гӯиё эътилоф аз наҳваи фикрронии замони ҷанги сард истифода мекунад.

Ба эътиқоди онҳо, ин иддаъо бепоя аст, зеро ҷанги сард мухолифати ду ақоид буд ва Русия феълан "ақоиди қобили эътимод ва шарикони мӯътамад дар арсаи ҷаҳонӣ надорад".

Дафтари НАТО. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо: даъвати ҷаласаи изтирории кумиссиюни НАТО аз сӯйи Украина

Ба эътиқоди хабарнигори Sputnik News ин иддаъо низ бепоя аст. Дар Русия аллакай коммунизм нест ва ин кишвар ақоиди онро таблиғ намекунад, вале НАТО бо вуҷуди замонатҳои додааш ҳамчунон ба гунаи замони чанги сард фаъол аст. Гузашта аз он вай талош мекунад тавсеъа ёбад.

Sputnik News зикр мекунад, ки Русия ба тавсеъаи НАТО нахуст ба далели кутоҳдастии худ ва сипас ба хотири эҳтиром вокуниш намекард. "Ва ҳамакнун НАТО аз низомиёни украинӣ бо таҷҳизот ва кормандон дар қалби Украина, ки табаддулоти давлатиро паси сар кард, пуштибонӣ мекунад. Ва ҳамчунон таҳдиди амният Русия боқӣ мемонад?" — хулоса кард хабарнигор.

Лентаи хабарҳо
0