Сабти довталабон то 30 апрел идома мекунад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкИмтиҳонҳои дохилшавӣ. Акс аз бойгонӣ
Имтиҳонҳои дохилшавӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази миллии тестӣ ба далели зиёд будани шумори довталабон муҳлати бақайдгириро то 30 апрел тамдид кардааст. Қарор буд 15 апрел ин муҳлат ба поён расад.

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон муҳлати сабти номи довталабонро то 30 апрел тамдид кард, хабар медиҳад сомонаи ин ниҳод.

Рафти имтиҳон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Маркази миллии тестӣ мизбони Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

Қарор буд, сабти номи давталабон барои супоридани имтиҳонҳои шомилшавии макотиби олӣ 15 апрел ба интиҳо бирасад.

Сомона менависад, бо сабаби зиёд шудани хоҳишмандон аз ҳисоби довталабоне, ки то ҳол худро ба қайд нагирифтаанд муҳлат изофа шудааст.

Ситорабону Назарова, сухангӯи ин ниҳод ба оҷонсии Озодагон гуфтааст, "дар муҳлати иловагӣ инчунин азнавбақайдгирии довталабоне, ки хоҳиши ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба интихобҳои аввалия ва (ё) маълумоти шахсияшон доранд, аз 16 уми апрел оғоз гардида, то 30 юми апрел идома меёбад. Барои азнавбақайдгирӣ довталабон бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки қаблан дар он аз қайд гузаштаанд, ҳозир шаванд".

Маркази миллии тестӣ то 15 апрел зиёда аз 61 ҳазор довталабро сабти ном кардааст.

Лентаи хабарҳо
0