СММ ба Қирғизистону Тоҷикистон ҳамкориҳои наздимарзӣ меомӯзонад

© Flickr \ Julian Rotela RosowНишони СММ
Нишони СММ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
СММ барномаи ҳамкории наздимарзӣ барои Тоҷикистону Қирғизистонро таҳия сохта ва маблағ низ барои татбиқи тарҳ панҷ сол қабл аз ин ҷудо шуда буд. Татбиқи амалии он имсол оғоз мешавад.

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Тарҳи "Ҳамкории наздимарзӣ барои рушд ва суботи устувор", ки аз ҷониби БР СММ, ЮНИСЕФ ва Барномаи озуқаи ҷаҳонӣ таҳия шудааст, рӯзи сешанбе ба ҳукумати Қирғизистон пешниҳод гардид, иттилоъ медиҳад рӯзномаи "Вечерний Бишкек".

"Барнома барои тақвияти ҳамкориҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон равона шудааст,- гуфт ноиби нахуствазири Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев. —Соли гузашта миёни мо чанд муноқишаи сарҳадӣ ба вуҷуд омад. Аммо мо тавонистем онҳоро бартараф кунем. Ҳоло нишонагузории сарҳад идома дорад".

Посгоҳи марзӣ бо Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сохтмони ҷоддаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон анҷом меёбад

Ба қавли ҳамоҳангсози доимии барномаҳои  СММ дар Қирғизистон, Александр Аванесов, барнома ҷиҳати ҳалли мусбати масоили марзӣ ироа мешавад ва он аз чанд қисмат иборат аст.

Ҳамоҳангсоз афзуд, тарҳи мазкур дар чорчӯби барномаҳои СММ оид ба сулҳофарӣ амалӣ мешавад. Маболиғи ихтисосёфта  ҳудуди $28 миллион доллар аст ва он соли 2010, пас аз ҳаводиси моҳи июл ҷудо гардида буд.

То ҳоло аз 976 километри марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 519 километраш муайян шуда, тарафҳо қарор аст, 351 километри боқимондаро мушаххас намоянд.  

Лентаи хабарҳо
0