Ба тоҷике барои қатли чаҳор сокини Новгород ҳукми абад таҳдид мекунад

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкЗиндонӣ ба ҳангоми гаштугузор. Акс аз бойгонӣ
Зиндонӣ ба ҳангоми гаштугузор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳолати мастӣ ду нафар ҳамқадаҳи худ ва боз ду куҳансоли вилояти Новгородро ба қатл расонидааст, додситонӣ иддаъо дорад ӯро ба ҳукми абад маҳкум кунанд.

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Ба зодаи Тоҷикистон ба иттиҳоми қатли чаҳор нафар ва талош барои қатли нафари панҷум ҳабси абад таҳдид мекунад, хабар медиҳад маркази матбуотии додситонии вилояти Новгород.

"Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Дӯстмурод Илёсови 24 сола рӯзи сешанбе дар додгоҳи вилояти Новгород муҳокима шуд. 16 апрел сухани ниҳоии муҷрим шунида шуда ҳукм эълом мешавад", — омадааст дар хабар.

Ниҳодҳои интизомӣ мушшахас кардаанд, ки дар авохири моҳи майи соли 2013 Илёсов дар ҳолати мастӣ ба ҳамқадаҳони худ, сокинони 37 ва 35 солаи ноҳияи Окуловка бо корд чанд зарба задааст.

Баъдан ин ҷавон ба шаҳрванди Ӯзбекистон, ки шоҳиди ин қазия буд, дарафтодааст. Аммо ин фард тавонистааст аз ин ҳамла худро раҳо кунад, зикр мешавад дар санад.

Сипас Илёсов озими шаҳри Окуловка (маркази маъмурии вилояти Новгород) шуда вориди манзиле мешаваду ба зане, ки дар ин маскан зиндагӣ мекард, бо корд чанд зарба мезанад. Дар пайи ҷароҳатҳои бардошта ин зан дар ҷойи ҳодиса мефавтад. Дар ҳамон рӯз як куҳансоли 90 сола, собиқадори меҳнат низ қурбонии ин фард мешавад.

Илёсов иттиҳомоти воридаро комилан эътироф кард. Ба ин далел додситонӣ аз додгоҳ хост, ки вай ба ҳукми абад дар зиндони низомаш шадид маҳкум шавад.

Лентаи хабарҳо
0