Чанд моҳ қабл аз шуруи Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ё ба истилоҳи шӯравиҳо "Ҷанги Бузурги Ватанӣ", дар гӯшае аз ин нашрия хабарҳои ҷангро зери унвони "Ҷанг дар Европа, Африка ва Азия" мунтазам интишор мекард.
Ин хабарҳо ғолибан аз нашрияҳои марказии шӯравӣ, ки дар Русия ба табъ мерасиданд, дар нашрияҳои Тоҷикистон бознашр мешуданд. Барои мисол, дар шумораи 21 майи соли 1941, ҳамагӣ як моҳ қабл аз оғози ҷанг дар хоки шӯравӣ, ин нашрия аз бомбаборон самолётҳои Германия болои портҳои қисми Ҷанубӣ ва Ҷануби-Шарқии Англия хабар медиҳад.
"Рӯзи 18 май ва шаби арафаи 19 май оператсияҳои қувваҳои ҳавоии Германия асосан муқобили киштиҳои савдои англис дар қарибии Англия ва дар қисми шимолии океани Атлантик нигаронида шудаанд", — навиштааст Комсомоли Тоҷикистон.
Дар идомаи ин хабар ҷанг дар Африқо, ба истилоҳи нашрия, Африкаи Шимолӣ дарҷ гардидааст. Дар ин минтақа "дар районҳои Тобрук ва Соллум амалиёти қисмҳои разведкачӣ дида мешавад. Авиатсияи тарафҳои ҷангкунанда дар амалиёти ҷанг дар тамоми участкаҳои фронти баҳри Миёназамин активона иштирок карда истодаанд. Дар маълумоти командадиҳии Германия қайд карда мешавад, ки самолётҳои Германия 18 май ба Крит ҳуҷум кардаанд".
Ба ин тартиб, ин бахш то шуруъи ҷанги Олмон бо СССР идома дошт ва хабарҳои ҷанги дувуми ҷаҳониро аз нашрияҳои марказии давлати шӯравӣ бознашр мекард. Ҷолиб ин аст, ки лашкар ва ё неруҳои Олмон то шуруи ҷанг бо шӯравӣ фашист номида нашудаанд.
(Аз нашрияи "Комсомоли Тоҷикистон", Органи Комитети Марказӣ ва Обкоми Сталинободии ЛКСМ Тоҷикистон. 23 майи соли 1941)
Рӯзҳои қабл аз ҷанги хонандагони мактабҳои Тоҷикистон
"Соли хониши ҷорӣ ба охир расида истодааст. Бачагони хушбахти даврони Сталинӣ баъд аз ба охир расидани таҳсил ба лагерҳо, хонаҳои истироҳатӣ ва ба дигар ҷойҳои дилкушо рафта, хушу хурсандона истироҳат мекунанд.
Айни ҳол дар республикаамон 7 лагери пионерӣ ташкил карда шуда, дар онҳо 4770 нафар пионерон, мактаббачагон ҷалб карда мешаванд.
Аксари ин қисми бачагон дар маркази районҳо ва қишлоқҳо мебошанд, ки бояд онҳо фаромӯш карда нашаванд.
Соли гузашта як қатор ташкилотҳои комсомолии республикаамон дар вақти истироҳати тобистонаи мактаббачагон фақат ба кори лагерҳои пионерӣ машғул шуда, бо бачаҳои берун аз лагерҳо тамоман машғул нашуда буданд. Ҳамаи ин дар натиҷаи нафаҳмидани моҳияти дуруст гузаронида шудани итироҳати тобистонаи мактаббачагон ба вуҷуд омад. Ба ташкилотҳои комсомолии республикаамон зарур аст, ки аз чунин камбудиҳои дар соли гузашта рӯй додагӣ ба худ хулоса гирифта истода, диққати худро ба ташкил карда шудани форпостҳои пионерӣ, майдончаҳои спортивӣ ва ғайраҳо нигаронанд.
Фотопостҳои пионерӣ бояд дар ҳавлиҳои алоҳидае, ки дар онҷо шумораи пионерон ва мактаббачагон ба қадри зарурӣ аз 15 то 100 нафар мерасад ва дар паркҳо, кварталҳои коргарӣ ва назди колхозҳо, ки дар он ҷойҳо пионерон ва мактаббачагон ҷамъ меоянд, ташкил карда шаванд. Ба вожатиёни пионерӣ зарур аст, ки дар тобистон кори тарбиявӣ-политикиро ҳам суст накарда, дар байни бачагон ин кори муҳимро нағз ба роҳ монанд.
Ташкилотҳои комсомолӣ, сарвожатҳо ва дар навбати аввал комиссияҳои доимии оид ба корҳои мактабӣ ва пионерии назди райком ва горкомҳои комсомол вазифадор ҳастанд, ки бояд бо тамоми вожатиҳои отрядҳои пионерӣ дар бораи кори тобистонаи бачагон инструктаж гузаронанд.
Лозим аст ки вожатиён барои дар байни бачагон ба вуҷуд наомадани бетартибиҳо мубориза бурда, дар форпостҳои пионерӣ ва кружоки худфаъолиятии пионерон ва мактаббачагонро бо хубӣ ташкил карда истода, экскурсияҳо, саёҳатҳо, мусобиқаҳои спортивӣ гузаронанд. Пионерон ва мактаббачагон ба меҳнат кардан ва ба корҳои ҷамъиятии колхозу совхозҳо иштирок кардан одат кунонида шаванд.
Бояд барои дар байни пионерон ва мактаббачагони дар лагерҳои пионерӣ ва фортопостҳо будагӣ намунавор гузаронида шудани ҳаррӯза ҳикоя, сӯҳбат ва лексияҳои шавқоварро дар сари вақташ таъмин кунем."
Муаллим КАРАВАЕВ — инструктори шъбаи ҷавонони мактабӣ ва пионерии КМ ЛКСМ Тоҷикистон,("Комсомоли Тоҷикистон", 23 майи соли 1941)