ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз фаъолияти ситодҳои умури изтирорӣ ва мудофиъаи шаҳрвандӣ дар маҳаллот, руасои шаҳрҳо ва навоҳӣ дар умури вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ интиқод кард, менависад хабаргузории "Ховар".
Ба навиштаи хабаргузорӣ, 13 апрел нахуствазир ҷаласаи комиссияи ҳукуматӣ дар умури ҳолатҳои изтирориро баргузор кард.
"Дар ҷаласа бар зарурати беҳбуди фаъолияти ин комиссия таъкид шуда аз фаъолияти ғайриқаноатбахши ситодҳои умури изтирорӣ, руасои шаҳрҳо ва навоҳии кишвар изҳори нигаронӣ шуд", — омадааст дар хабар.
Ба аъзои комиссияи ҳукуматӣ дастур шуд, ки пешниҳодоти худро барои танзими барнома бо дарназардошти ҷилавгирӣ ва рафъи авоқиби ҳолатҳои изтирорӣ, аз ҷумла, тармафароӣ, селобҳо ва фаромадани ярч ироъа кунанд.
Дар ин ҷаласа зикр шуд, ки дар соли 2014 дар пайи 67 мавриди умури изтирории табиъйӣ 31 шаҳрванд ҷони худро аз даст дода, мизони хисорот болиғ бар 41 миллион сомонӣ (беш аз 8 миллион доллар) шудааст.