Тоҷикистон бо Куриёи Ҷанубӣ панҷ санади ҳамкорӣ имзо кард

© Sputnik / Алексей Петров / Гузариш ба медиабонкҚасри шоҳӣ дар Сеул
Қасри шоҳӣ дар Сеул - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Куриё масоили рушди ҳамкориҳои дӯстона миёни ду кишварро баррасӣ карданд.

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар пайи сафари расмии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Куриёи Ҷанубӣ миёни ин кишвар ва Тоҷикистон панҷ санади ҳамкорӣ имзо шудаанд, хабар медиҳад сомонаи раҳбари кишвар.

Дар дидори раҳбарон Эмомалӣ Раҳмон ва Пак Кин Хе масоили тавсияи ҳамкориҳои дӯстона ва судманди миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Куриё баррасӣ шудаанд. Алоқамандии ҷонибҳо барои ҷалби муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба Куриё таъкид шудааст.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯби сафари худ бо Ёнг Мок Ким, раҳбари Ожонсии Куриёи Ҷанубӣ дар умури ҳамкориҳои байналмиллалӣ дидор анҷом дод. Дар ин дидор ҷонибҳо ҷузъиёти ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Куриё, аз ҷумла дар бахши иқтисод ва тиҷоратро матраҳ карданд.

Хабар дода мешавад, ки ба ибтикори Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе намояндагии Ожонсии Куриёӣ дар умури ҳамкориҳои байналмиллалӣ боз мешавад.

Лентаи хабарҳо
0