ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Тими ССКА "Помир"-и Душанбе дар даври якуми сабқати қаҳрамонии футболи кишвар дар бозӣ бо "Хайр"-и Ваҳдат, ки рӯзи 11-уми апрел доир гардид, бо ҳисоби 2:0 мағлуб шуд, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ҳар ду тӯбро ба дарвозаи тими "Помир" бозингари хориҷӣ (легионер)-и "Хайр" Наполеон Андох ворид кард.
Ба иттилои манбаъ, комиссияи санҷиши иншоотҳои варзишии ФФТ ба иллати вазъи бади майдони футболи варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат, баргузории бозии даври якуми мусобиқаро байни дастаҳои «Хайр» ва ССКА «Помир»-и Душанбе иҷоза надод. Аз ин рӯ ин бозӣ дар Душанбе, дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, доир шуд ва бо пирӯзии "Хайр" бо ҳисоби 2-0 хотима ёфт.
Дар бозии дигар "Вахш"-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ "Парвоз"-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 1-0 шикаст дод. Тӯбро Мухаммадҷони Ҳасан ба дарвозаи меҳмонон ворид кард.
Бозии «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо дастаи меҳмон — "Равшан"-и Кӯлоб — бо ҳисоби мусовии 2:2 ба анҷом расид. Ду голи "Равшан"-ро Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронӣ ва Сайидамири Сайидаҳтам, ду голи "Регар-ТадАЗ"-ро Комрон Турсунов ва Нозим Бобоҷонов заданд.
Ёдовар мешавем, мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 9-уми апрел бо бозӣ байни «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд оғоз ёфта буд. Ин бозӣ, ки дар пойтахти кишвар, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор шуд, бо пирӯзии душанбегиҳо бо ҳисоби 2-0 хотима ёфт.
Дастаҳои «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) ва "Барқи тоҷик" (Душанбе) аз бозии даври аввал озод буданд. Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввал дар ҷадвали мусобиқа се даста — "Истиқлол", "Хайр" ва "Вахш" — бо сеимтиёзӣ пешсафанд.