Муассисони қаҳвахона мегӯянд, ҳадафашон нармтару гармтар кардани фазои Маскав аст. Онҳо касонеро ба қаҳвахона даъват менамоянд, ки мақсадашон на танҳо нӯшидани қаҳва асту бас. Ин ҷо имкони бозӣ кардан бо гурбаҳо, хору моли ҳайвонот иҷоза дода мешавад.
Мизоҷон метавонанд ғизои дилхоҳашонро дар ин ҷо дархост кунанд, аммо ба қавли кормандони қаҳва, онҳо бояд донанд, ки бист ҷуфт чашми дигар ба онҳо дӯхта шудааст.
Либоси кормандон ҳам ғайриоддӣ аст. Ба мизоҷон махсус таҷҳизотеро медиҳанд, ки бо дӯстони пахмоқмӯ бозӣ карда тавонанд.
Қаблан ин пишакҳо дар парваришгоҳи махсус нигаҳ дошта мешуданд. Ҳоло ҳар яке аз онҳо гарданбанд дошта аз назорати байтор гузаштаанд. Мизоҷон метавонанд сарпарастии яке аз гурбаҳоро ба ӯҳда бигиранд, ҳатто соҳиби он ҳам шуда метавонанд!