Аз таъсиси Радиои Тоҷикистон 85-сол пур шуд

© Flickr \ Ross MurrayРадио. Акс аз бойгонӣ
Радио. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
10 апрели соли 1930 бори аввал дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ки он замон Сталинобод ном дошт, радио таъсис шуд.

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Радиои давлатии Тоҷикистон 10 апрел 85-сола мешавад, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".

10-уми апрели соли 1930 дар шаҳри Душанбе, аз Хонаи деҳқон, макони имрӯзаи театри давлатии русии ба номи Маяковский барои нахустин бор радиои Тоҷикистон бо хитобаи "Диққат! Диққат! Диққат! Инҷо Сталинобод" гуфтори худро оғоз кардааст.

Баъдан, соли 1949 фаъолияти радиошунавонии хориҷии Радиои Тоҷикистон, маъруф ба идораи бурунмарзӣ роҳандозӣ шудааст.

Соли 1992 дар ҳайати Радиои Тоҷикистон идораи барномаҳои "Фурӯғи ориёно" таъсис шуд. Соли 1999 дар ҳайати ин шабакаи радиои "Садои Душанбе" ба сифати шабакаи сартосарии иттилоотию фароғатӣ роҳандозӣ гардид.

Баъдан дар соли 2007 дар заминаи якҷоя кардани бахши барномаҳои бурунмарзӣ бо идораи "Фурӯғи Ориёно" шабакаи радиои "Овози тоҷик" фаъол шуд.

Ҳоло Радиои Тоҷикистон бо барномаҳои худ ва бо фаро гирифтани шабакаҳои "Садои Душанбе", "Овози тоҷик" ва "Фарҳанг" дар шаборӯз бо 7 забон 96 соат барнома пахш менамояд.

Лентаи хабарҳо
0