ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Рӯзи чоршанбеи 8 апрел як зани 43-солаи шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қаратоғ, идораи сабукрави "Киа-Гадензе"-ро аз даст дода, ду нафарро зер мекунад, омадааст дар хабари сомонаи ВКД ҶТ.
Манбаъ мегӯяд, пиёдагарди аввал марди 39-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ҷабрдидаи дуюм, ки 30 сол дошта, сокини шаҳри Турсунзода будааст, ҳоло дар беморхона бистарист.
Ҳамчунин дар ин рӯз як садамаи нақлиётии маргбори дигар низ сар дар шимоли кишвар рух додааст.Ронандаи автомашинаи тамғаи "Дамас", марди 52-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент, бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" таҳти идораи ронандаи 26-солаи сокини ноҳияи Айнӣ бархӯрдааст.
"Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи "Дамас" — духтарчаи хурдсол, соли таваллудаш 2013, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дида, дар беморхона ба ҳалокат мерасад",- менависад сарчашма.
Оиди ҳар ду далел парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишот идома дорад.