ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ имрӯз, 9-уми апрел, бо бозӣ байни «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд оғоз меёбад. Ин бозӣ дар пойтахти кишвар, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 17:00 шурӯъ мешавад, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Диловар Орзуев, аз ноҳияи Ҳисор, сардовари бозии нахустини мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар таъин шудааст. Ҳасан Каримов ва Эркин Мадибоев ба ӯ кӯмак хоҳанд кард.
Мусобиқаи имсола ба тарзи нав гузаронида мешавад. Барои аввалин бор мусобиқа бо ширкати 9 даста дар се давра барпо мегардад. Мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии Тоҷикистон то рӯзи 22-юми ноябр идома хоҳад кард.
Дастаҳои ширкаткунандаи чемпионати 24-уми Тоҷикистон оид ба футболи лигаи олӣ дар мавсими соли 2015:
- «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)
- «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
- «Хайр» (Ваҳдат)
- «Вахш» (Қӯрғонтеппа)
- «Хуҷанд» (Хуҷанд)
- «Истиқлол» (Душанбе)
- «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)
- ССКА «Помир» (Душанбе)
- «Равшан» (Кӯлоб)