ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Корфармоёнро метавонанд барои ҷалби муҳоҷирон ба кор бидуни тахассус муҷозоти маъмурӣ кунанд. Тарҳи чунин қонунеро рӯзи чаҳоршанбе Думаи давлатӣ дар хониши аввал тасвиб кард, менависад РИА Новости.
Тибқи ин пешниҳод, барои ҷалби муҳоҷирон ба кор бидуни тахассусе, ки дар муҷҷавиз (патент) зикр шудааст, ҷаримаи маъмурии то ҳафт ҳазор рубл дар назар аст. Гузашта аз ин, ин афрод ихроҷ мешаванд.
Муҷозот барои шахсони ҳуқуқӣ метавонад то як миллион рубл ва таъвиқи фаъолият ба мӯҳлати то 90 рӯз бошад.
Ин тарҳ ба Думои давлатӣ аз сӯйи Маҷлиси қонунгузори вилояти Челябинск пешниҳод шудааст. Дар шарҳи ин тарҳи қонун изофа шудааст, танзими нокофии арсаи муҳоҷирати корӣ метавонад ба бурузи мушкил дар бахши таъмини кори аҳолӣ мунҷар шуда ба даргириҳои қавмӣ боъис шавад, ки ба ташаннуҷи вазъи ҷиноӣ дар ҷомеъа сабаб мешавад.
Таҳиягарони ин тарҳ бар ин назаранд, ки бо дарназардошти аҳамияти иҷтимоии танзими нақзҳои зикшуда, таъйини муҷозоти маъмурӣ барои нақзи маҳдудиятҳо барои ҷалби коргарони хориҷӣ бидуни тахассус зарур аст.