ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва Ишанқулӣ Аманлиев, сафири Тукманистон дар Душанбе хостори рушди ҳамкориҳои бештар шудаанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории Озодагон.
Ба қавли масъули бахши иттилооти Кумита, ин мулоқот рӯзи 7 апрел баргузор шуда, ҷонибҳо доир ба ҳамкории кишварҳо дар соҳаи сайёҳӣ, варзиш ва ҷавонон табодули афкор намуданд.
Аҳтам Абдуллозода таъкид доштааст, ки Тоҷикистон ҳавасманди ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҳамҷавор буда, дар ин самт бо Туркманистон низ ҳамкории дӯстонаро ба роҳ мондааст.
Манбаъ мегӯяд, Ишанқулӣ Аманлиев дар навбати худ изҳор намудааст, барои ҳамкории бештар дар соҳаи сайёҳӣ ва варзиш миёни кишварҳо имкониятҳои фаровон мавҷуд аст, ки аз он метавон барои манфиатҳои ҳарду кишвар истифода намуд.
Дар навбати худ дипломати туркман таъкид кардааст, дар Туркманистон Конфронси байналмилалии туристиро ба нақша гирифтаанд ва намояндагони Тоҷикистон низ имкони иштирок дар ин чорабиниро доранд.
Гуфтанист, барои табодули таҷриба ва боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон иштироки ҷавонони ҳар ду кишвар дар конфронсҳои якдигар аз манфиати холӣ нест.