ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Рӯзи 8 апрел бо қарори Ҳукумати кишвар муовинони сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз мақомҳояшон барканор шудаанд, менависад сомонаи президент.
Сомонаи президент менависад, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Тоҳир Нуров, Нуридин Маҳмадов ва муовини аввал Неъматбой Раҳматов, яъне ҳар се муовини раиси Хадамоти гумрук, аз вазифаҳояшон барканор шудаанд. Дар фармони президент далели барканории ин се муовини сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, "ба кори дигар гузаштан", унвон шудааст.
Ин тағйироти кадрӣ дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҳолест, ки Абдулфаттоҳи Ғоиб, сардори нави ин ниҳод моҳи март дар як мусоҳиба ба расонаҳо гуфта буд, ки дар системаи гумрукии кишвар ҳоло тағйироти кадрӣ анҷом нахоҳад дод ва бо ҳайати феълӣ ҳамкориро идома медиҳад. Вай гуфта буд, ки шояд дар оянда дар ҳайати кадрии ин ниҳод дигаргуниҳо сурат бигирад, аммо ҳоло бо ҳайати феълӣ ба фаъолият идома хоҳад дод.
Абдулфаттоҳи Ғоиб рӯзи 16 март бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақоми директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия озод шуд ва ҳамон рӯз бо қарори ҳукумат, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ дар ин мақом ҷойгузини Рустами Эмомалӣ — писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон шуд.
Рустами Эмомалӣ қабл аз Абдулфаттоҳи Ғоиб раисии Хадамоти гумрукро бар ӯҳда дошт.