ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Вазорати адлияи Русия намояндагии Маркази таҳқиқоти зиддифасод Transparency International дар кишварро ба феҳристи созмонҳои "ҷосуси хориҷӣ" ворид кард, менависад РИА Новости.
Дар хабари вазорати адлияи ин кишвар омадааст, далелҳои "ҷосуси хориҷӣ" будани намояндагии Transparency International дар ҷараёни тафтишоти додситонӣ ошкор шуданд.
Дабири кулли намояндагии Transparency International дар Русия Антон Поминов изҳор намудааст, ки онҳо аз болои тасмими вазорат ба додгоҳ шикоят мебаранд. Қарор аст, ки ин ариза рӯзи 9 апрел аз сӯи додгоҳ ноҳияи Таганкаи Маскав бозрасӣ шавад.
Раҳбари раёсати Transparency International Елена Панфилова мутмаин аст, ки фаъолияти ин марказро наметавон сиёсӣ номид, зеро ҳадафи он на тағйири сиёсати давлатӣ, балки татбиқи ин сиёсат аст.
Моҳи декабри соли гузашта Transparency International гузориши навбатии худро нашр кард, ки дар он Русия дар шохиси дарки фасод дар мақоми 136-ум ва дар паҳлӯи Нигерия, Лубнон, Қирғизистон, Эрон ва Камерун ҷой гирифт. Думаи давлатии Русия ин гузоришро дорои ангезаи сиёсӣ номида буд.
Намояндагии Transparency International дар Русия 52-юмин созмони ғайриҳукуматиест, ки аз сӯи вазорати адлияи Русия ба феҳристи "ҷосусҳои хориҷӣ" ворид карда шудааст.