Русия барои муҳоҷирони Қирғизистон гирифтани патентро осон кард

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкШаҳрвандони хориҷӣ барои сабти аснод навбат гирифтаанд. Акс аз бойгонӣ
Шаҳрвандони хориҷӣ барои сабти аснод навбат гирифтаанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти муҳоҷирати Русия низоми соддагардонии муҷҷавизи кор барои шаҳрвандони Қирғизистонро роҳандозӣ кард, аз ин ба баъд онҳо бенавбат патент хоҳанд гирифт.

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik.  Дарёфти патентҳои русӣ  барои муҳоҷирони Қирғизистон дар қиёс ба шаҳрвандони дигар кишварҳо осонтар шуд, иттилоъ медиҳад торнамои "Кабарлар" бо истинод ба сардори раёсати сиёсати муҳоҷирати Вазорати меҳнати он кишвар Канибек Сартбаев.

Ба гуфти Сартбаев, вазорат аз ХФМ Русия ба ин маъно номаи расмӣ гирифтааст, ки аз ин ба баъд ироаи патент ба шаҳрвандони Қирғизистон бо шеваи сабук роҳандозӣ мегардад.

Пул - Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷирони тоҷик барои интиқоли ҷасади Эсанов аз ФР пул ҷамъ мекунанд

"Ҳоло онҳо имкон доранд дар кулли марокизи муҳоҷират бе навбат ва интизориҳои зиёд патент дастрас кунанд. Барои эшон дарича ва долонҳои алоҳида кушода шудааст ",- қайд кард Сартбаев.

Ҳамзамон мавсуф илова кард, ки ин тасмим ҳанӯз як моҳ қабл аз ин аз сар гирифта шуд ва дар тамоми гӯшаву канори Русия дар қиболи қирғизистониҳо амалӣ мегардад.

Бино ба иттилоъи вазорат, дар маҷмӯъ дар Русия ҳудуди 530 ҳазор муҳоҷири корӣ аз Қирғизистон ба сар мебаранд.

Тибқи қавоиди ҷадиди муҳоҷират дар Русия, ки аз авоили соли ҷорӣ (аз 1 январи соли 2015) мавриди иҷро қарор гирифт, ҳамакнун бар ивази муҷҷавиз муҳоҷирон бояд патент (иҷозатномаи кор) дарёфт кунанд. Инчунин супоридани имтиҳон аз забону фарҳанг ва таърихи Русия ҷузъи дигари навоварӣ маҳсуб мегардад. Барои дарёфти иҷозатнома атбоъи хориҷӣ муваззафанд тӯли 30 рӯзи баъд аз вуруд ба Русия шахсан ба Хадамоти федералии муҳоҷират ва ё    ниҳоди масъули ФР муроҷиат кунанд.

Лентаи хабарҳо
0