ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Муҳлати ҳабси пешакии Ҷалолиддин Маҳмудов, аъзои боздоштшудаи ҲНИТ бо сабаби камбуди маълумот барои ду моҳи дигар тамдид шуд, менависад оҷонсии TojNews.
Бино ба иттилои Зарафо Раҳмонӣ, яке аз вакилони дифоъи Маҳмудов, 7-уми апрел бо қарори Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳлати боздошти вай тамдид шуд.
Зарафо Раҳмонӣ мегӯяд, бино ба сабаби он, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ баъзе маъмулотҳоро дастрас накардаанд, замони ҳабси пешакиро дароз карданд.
Ба гуфтаи ин вакили дифоъ, аз ҷумла набудани маълумотҳо дар бораи фаъолияти Маҳмудов дар Комиссияи оташбас, инчунин маълумотнома аз Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ боис шуд, ки Маҳмудовро боз барои ду моҳ дар ҳабси пешакӣ нигоҳ доранд. Муҳиддин Кабирӣ бино ба сабабе, ки дар хориҷ қарор дорад, тавсифнома пешниҳод накардааст.
11-уми феврали соли равон Ҷалолиддин Маҳмудов, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ ва намояндаи ин ҳизб дар КМИР аз ҷониби мақомоти амниятии Тоҷикистон бо иттиҳоми нигоҳ доштани ғайриқонунии аслиҳа боздошт шуда буд.