Кумитаи низомии СПАД дар Душанбе таҳдидҳои амниятиро баррасӣ мекунад

© Фото : сайт ОДКБТамрини неруҳои зудамал (КСОР)-и СПАД. Акс аз сайти СПАД
Тамрини неруҳои зудамал (КСОР)-и СПАД. Акс аз сайти СПАД - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкатдорони ҳамойиш масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ, тамриноти муштараки неруҳои мусаллаҳ дар соли 2015, дурнамои рушди қувваҳои сулҳхоҳи СПАД, ташкили ПЗМ (ПВО) ва ғайраро баррасӣ хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Ҷаласаи Кумитаи ҳарбии СПАД рӯзҳои 8-9 апрел дар Тоҷикистон сурат мегирад, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии котиботи ин ташкилот.

"Баррасии масоили марбут ба таҳдидҳои амниятӣ дар минтақа ва ҷилавгирӣ аз онҳо дар рӯзномаи нишаст ворид гардидааст",- қайд мешавад дар хабар.

Ниятбеков: СПАД манофеъи аъзоёнашро ҳимоя мекунад

Ҷаласа таҳти раёсати раҳбари Кумитаи низомӣ, сардори Сарситоди Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ҳамзамон муовини аввали вазири мудофиаи кишвар, генерал-майор Зариф Шарифзода доир мешавад.

Кумитаи низомӣ дар назди Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои узви СПАД таъсис ёфта, ба он роҳбарони Сарситодҳо ва сарвари Ситоди муттаҳидаи СПАД шомил мебошанд. Дар кори ҷаласа қарор аст, муовини дабири кулли СПАД Валерий Семериков иштирок ва суханронӣ намояд.

Дар ҳоли ҳозир шаш кишвар: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Русияву Қирғизистон узвият СПАД-ро доранд.

Лентаи хабарҳо
0