Нашри китоб дар бораи тоҷикистониёне, ки Украинаро озод кардаанд

© Sputnik / Ольга Ландер / Гузариш ба медиабонкЧатрбозон (десантҳо) фуруд омаданд. Акс аз бойгонӣ
Чатрбозон (десантҳо) фуруд омаданд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Киев китоб дар бораи қаҳрамонии ҷанговарони Тоҷикистон, ки Украинаро аз асорати фашистони истилогар озод кардаанд, ба нашр мерасад. Он ба ҷашни Бузурги Пирӯзӣ бахшида мешавад

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон китоберо дар мавриди иштироки ҷанговарони Тоҷикистон дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои озодкунии Украина омодаи нашр кардаанд, омадааст дар хабари намояндагии дипломатӣ.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ: вақте аз таърих сабақ намегиранд

"Аснои ҷамъовари аснод ва ҷустуҷӯи сарбозони тоҷикистонӣ, ки дар ҷабаҳоти озодкунии Украина аз фашистони истилогар ширкат доштанд, чанд маълумоти дигар, аз ҷумла дар бораи онҳое, ки то ин замон беному нишон гум шуда буданд, пайдо гардид",- меафзояд манбаъ.

Ин китоб дар ҳамкорӣ бо Маҷмааи украинии "Осорхонаи миллӣ-таърихии ҶБВ дар солҳои 1941-1945" таҳия шуда, ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ОИ Авеста менависад, муаррифии асари мазкур 28 апрел сурат мегирад.

Лентаи хабарҳо
0