Аввалин мурофиаи Бурҳон Абдуллоев дар додгоҳи вилояти Хатлон

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкДодгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Додгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи Хатлон ба баррасии даъвои Раҳматулло Саъдуллоев, яке аз додарарӯсони раисҷумҳур алайҳи Бурҳон Абдуллоев, яке аз моликони бозори “Ином”-и Шаҳритус мепардозад. Саъдуллоев дар паст задани шаъну шараф ва эътибори кории Саъдуллоев муттаҳам мешавад.

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Нахустин мурофиаи додгоҳии Бурҳон Абдуллоев, яке аз моликони бозори "Ином" фардо, 8 апрел дар Додгоҳи вилояти Хатлон оғоз мегардад, навиштааст оҷонсии "Озодагон".

Раиси бозори “Ином” бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ муттаҳам шуд

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои хонаводаи Абдуллоевҳо дар ин бора ба оҷонсӣ иттилоъ дода, афзуд, мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи шикояти Раҳматулло Саъдуллоев, яке аз додарарӯсони раисиҷумҳури Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Қаблан, Додгоҳи ноҳияи Шаҳритус парвандаи Абдуллоевро аз рӯи шикояти Саъдуллоев ба Додгоҳи вилояти Хатлон ирсол намуд. Вакили Абдуллоев, он замон ба расонаҳо гуфта буд, зерҳимояаш аз додгоҳи Шаҳритус дархост кард, мурофиаҳои ӯ дар додгоҳи вилоятӣ гузаронида шавад, зеро ба додгоҳи Шаҳритус боварӣ надорад.

"Зерҳимояам гуфт, ба суди Шаҳритус фишор меоранд, ба адолати судии ин ноҳия боварӣ надорад", — афзуда буд Ёров.

Додгоҳи Шаҳритус ин дархости Абдуллоевро қабул намуда, парвандаи ӯро ба додгоҳи Хатлон фиристодааст. Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои хонаводаи Абдуллоевҳо қаблан гуфта буд, Раҳматулло Саъдуллоев, ки раҳбарии ширкати Исмоили Сомонии шаҳри Сарбандро ба уҳда дорад, зерҳимояаш — Бурҳон Абдуллоевро дар паст задани шаъну шараф ва эътибори корӣ муттаҳам карда, ҷуброни зарари маънавӣ талаб дорад.

Молики бозори “Ином" дар бадномкунии додарарӯси президент муттаҳам шуд

"Саъдуллоев аз додгоҳ талаб кардааст, ки аз Абдуллоевҳо 100 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ рӯёнда шавад", — мегӯяд Ёров.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Муҳибулло Саъдуллоев, яке аз бародарон Саъдуллоевҳо бо Бурҳон Абдуллоев барои бозори "Ином"-и Шаҳритус кашмакаши додгоҳӣ доштанд, ки бо боздошти Бурҳон Абдуллоев анҷом ёфт. Ба иттилои мақомот, феълан алайҳи Ҳошимҷон Ризвонов ва Бурҳон Абдуллоев бо моддаи 32 қисми 3 — тайёрӣ ба ҷиноят ва моддаи 255 қисми 2 — қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Хонаводаи Абдуллоев бо Муҳибулло Саъдуллоев яке аз дигар додарарӯсони президент ҳам сари тақсимоти бозори "Ином" баҳси додгоҳӣ доранд. Моҳи майи соли равон Додгоҳи олии иқтисодӣ қарор кард, бозор байни тарафҳо 50 ба 50 тақсим шавад. Абдуллоевҳо аз ин қарор ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурда, ахиран эълон карданд, дар сурати расидагӣ нашудан ба шикояти онҳо ба барномаи телевизиони "Пуст говорят"-и Шабакаи аввали телевизиони Русия муроҷиат хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0