Қумандони қисми марзбонӣ 8,5 сол аз озодӣ маҳрум гардид

© Flickr \ USACE Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи низомии вилояти Хатлон қумандони қсми низомиеро, ки бо фармони ӯ чаҳор сарбози нерӯҳои марзбонӣ ба ҳезумчинӣ рафта, ба дасти Толибон афтодаанд, ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Додгоҳи низомии Хатлон рӯзи 6 апрел Алимуҳаммад Додокалонов, сардори дидбонгоҳи қисми марзбонии 2610-и ноҳияи Панҷро, ки гуфта мешавад, бо фармони ӯ чаҳор сарбоз барои ҳезумчинӣ ба соҳили Омӯ рафта, баъдан ба дасти Толибон афтодаанд, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

"Алимуҳаммад Додокалонов бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон 391, қисми 3, банди "б", яъне сӯистифода аз ваколати мансабӣ, ки боис ба дигар оқибати вазнин гаштааст; моддаи 323, яъне сохтакории хизматӣ ва моддаи 234, ғайриқонунӣ буридани дарахтҳо айбдор шудааст",- иброз доштааст додраси парванда Исмоил Мирмахсумиён.

Граница Таджикистана с Афганистаном по реке Пяндж - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаи сардори дидбонгоҳи Панҷ ба додгоҳ рафт

Ба гуфти додрас, ронандаи ин қисми низомӣ, ки вақти буридани дарахтҳо Алимуҳаммад Додокалонов ва чаҳор сарбозӣ асирафтодаро ҳамроҳӣ мекардааст, тибқи моддаи 234, ғайриқонунӣ буридани дарахтҳо муттаҳам дониста шуда, бо пардохти 28 ҳазор сомонӣ ҷарима аз толорӣ додгоҳ озод шудааст.

Гуфта мешавад, сардори қисми низомии 2610-и ноҳияи Панҷ 19 декабри соли гузашта чаҳор сарбозро барои ҷаъмоварии ҳезум ба соҳили рӯди Омӯ, ки ҷануби Тоҷикистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад, бурда буд, ки ба дасти гурӯҳи гаравгонгири мавсум ба Толибон афтида ва баъди ду моҳи дар он сӯи марз будан ба умқи вилояти Кундуз бурда шудаанд. Ҳоло аз ин қазия бештар аз се моҳ гузаштааст, вале волидайни ин сарбозон мегӯяд, ки аз фарзандонашон хабаре нест ва мақомот ба онҳо нагуфтаанд, ки кай онҳоро озод мекунанд.

Ҳукумати ноҳияи Панҷ чанд моҳ пеш гуфта буд, ки  сарбозони рабудашуда дар вулусуволии Имом Соҳиби Қундузи ҷумҳурии исломии Афғонистон дар асорат ба сар мебаранд.

Лентаи хабарҳо
0