ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар соли 2015 квотаи ҷудошуда барои муҳоҷирони корӣ ва ҷалби коргарони хориҷӣ ба миқдори 4800 нафар аст ва дар қиёс ба соли гузашта тафовути чандоне надорад, менависад сайти Вазорати адлияи Тоҷикистон.
Дар қарори марбутаи ҳукумат омадааст, шаҳрвандони хориҷие, ки дар бахшҳои афзалиятдоштаи тарҳҳои сармоягузорӣ ифои вазифа мекунанд ва онҳое, ки дар асоси созишномаҳои байниҳукумативу байнидавлатӣ машғули коранд, ба ин квота шомил нестанд.
Дар маҷмӯъ ин квотаҳоро ширкатҳои кордиҳанда (кордеҳон), ки муҳоҷирони кориро аз кишварҳои хориҷӣ ба кор даъват менамоянд, истифода карда метавонанд. Таври мисол, квота барои ҷалби муҳоҷирони корӣ аз Чин 2560 нафар, Афғонистон- 690, Эрон-305, Туркия- 200, Ӯзбакистон- 160, Покистан- 150, Ҳиндустон- 170, Қирғизистон- 115, Қазоқистон- 45, Русия- 75 ва дигар кишварҳо- 330 нафар муайян шудааст.
Ҳамчунин, бахшҳои фаъолият ва ҷалби муҳоҷирони кории хориҷӣ муайян гардидааст. Бештар аз ҳама дар соҳаи сохтмон саноат — мутаносибан 1460 ва 1250 нафар ва камтар аз ҳама дар бахши иртибототу нақлиёт- мутаносибан 75 ва 83 нафар бояд кор кунанд.
Соли 2008 квота барои муҳоҷирони корӣ дар Тоҷикистон 6000 нафар эълон шуда, баъдтар он ба ҳадди 4800 нафар пойин оварда шуд.
Ихтисор (кам кардан)-и квота барои муҳоҷирони корӣ аз ҳисоби пойин овардани он дар қиболи кишварҳои Русия, Туркия, Эрон ва Қазоқистон сурат пазируфт. Барои шаҳрвандони Чин бошад, баръакс квота бештар шудааст. Соли 2009 ин рақам дар нисбати онҳо 2500 нафар буд, имсол он ба 60 нафари дигар боло бурда шуд. Инчунин, барои шаҳрвандони Афғонистон низ квотаи бештар ҷудо гардидааст. Дар соли 2009 ҳудуди 300 табааи ҶИА ҳуқуқи дарёфти квотаро доштанд, имсол бошад 690 муҳоҷири афғонистонӣ имкони пайдо кардани квотаи муҳоҷирати кориро дар Тоҷикистон доранд.