Дзюдочиёни тоҷик дар Твер ду медали нуқра ба даст оварданд

© Федерация дзюдо РоссииШукрона Қарчиева дар мусобиқаи байналмилалии “Умедҳои Твер” оид ба дзюдо, ки Ҷоми Аврупо маҳсуб мешавад
Шукрона Қарчиева дар мусобиқаи байналмилалии “Умедҳои Твер” оид ба дзюдо, ки Ҷоми Аврупо маҳсуб мешавад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии “Умедҳои Твер” оид ба дзюдо, ки Ҷоми Аврупо маҳсуб мешавад, ду медали нуқра ба даст оварданд.

 

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар мусобиқаи байналмилалии “Умедҳои Твер” оид ба дзюдо байни наврасон, ки шаш сол инҷониб Ҷоми Аврупо маҳсуб мешавад, гуштигирони навраси тоҷик ду медали нуқра ба даст оварданд, иттилоъ медиҳад сомонаи Федератсияи дзюдои Русия.

Дар ин мусобиқа 295 варзишгар (176 писар ва 119 духтари солҳои таваллудашон 1998-2000-ум) аз 19 кишвар рӯзҳои 4-5 апрел дар шаҳри Твери Русия рақобат карданд. Мусобиқа таҳти сарпарастии Иттиҳоди дзюдои Аврупо ва дастгирии Вазорати варзиш ва Федератсияи дзюдои Русия, ҳукумати вилояти Твер баргузор шуд.

Дар сабқати дурӯза варзишгарон барои 16 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 47 медал (16 тилло, 9 нуқра ва 22 биринҷӣ) ғолиб омад. Дастаи Қазоқистон бо касби 7 медал (3 нуқра ва 4 биринҷӣ) дувум шуд. Мунтахаби Беларус бо касби 2 медали 2 нуқра дар мақоми севум қарор гирифт.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, мунтахаби ҷумҳурӣ, ки дар ин мусобиқа бо шумули 8 писару як духтар ширкат дошт, дар ҳисоби умумидастаӣ бо 2 медали нуқра ва як ҷойи 7-ум чорум шуд.

Дар сабқати духтарон Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кило мақоми дувумро касб карда, соҳиби медали нуқра гардид. Вай баъди се ғалаба бар Муҳаббат Бӯриева (Русия), Кумушой Соскеева (Қирғизистон) ва Даря Харлапанова (Русия) ба финал баромад. Шукрона дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Фаина Кулиш (Русия) мағлуб гашт.

Дар сабқати писарон Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило бар се рақибаш – Данила Папсулин (Русия), Санҷар Ҷабборов (Қазоқистон) ва Владимир Костин (Сербия) – дастболо шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Хуршед дар қувваозмоии ниҳоӣ Кемал Каитови русиягиро шикаст дод ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0