"Мотосезон-2015" рӯзи якшанбе гузашта дар автодроми ба номи Абдуқаҳҳор Турсунов бо ибтикори Ҷамъияти дӯстдорони дучархаи Душанбе баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ ширкатдорон аз рӯйи чанд намуд бо ҳамдигар рақобат карданд: партофтани тӯб ба сабад, доштани пуфаки пуроб ва беҳтарин дучархарон.
Ширкатҳои "МегаФон-Тоҷикистон", ҶСП"Фароз", нашрияи "Вечёрка" ва ширкати "Red Bull" сарапарастони ин чорабинӣ муаррифӣ шуданд.

1/11
© Sputnik / Амир Исаев
Дар ин рӯз автодроми ба номи Турсунов идгоҳро мемонд, ҳама ҷо зебо, озода ва ботароват буд.

2/11
© Sputnik / Амир Исаев
Аз нишону парчамҳои ширкатдорон ҳувайдо буд, ки чорабинӣ дар сатҳи олӣ баргузор мешавад.

3/11
© Sputnik / Амир Исаев
Ҳадди аққал ба ин ҷо барои тамошои ҷилои чархҳои дучарха бояд биравед.

4/11
© Sputnik / Амир Исаев
Он ҷое, ки байкҳо (дучархасаворон) ҳастанд, албатта зебосанамҳо низ ҳузур доранд.

5/11
© Sputnik / Амир Исаев
Ба рақобат омодаанд!

6/11
© Sputnik / Амир Исаев
Агар ин пуфак ба замин ва ё сари дучархасавор афтад, иштирокчӣ аз идомаи сабқат маҳрум мешавад.

7/11
© Sputnik / Амир Исаев
Шарт он қадар осон нест: бояд дар автодром тавре давр зад, ки тухми даруни қошуқ наафтад.

8/11
© Sputnik / Амир Исаев
"Дучархаи ман садои баландтар дорад!"

9/11
© Sputnik / Амир Исаев
Дучархасавори беҳтарин- Ғафур Иркаев.

10/11
© Sputnik / Амир Исаев
Духтарон ва дучархаҳо: шурӯъи мавсими "Мотосезон-2015" дар Душанбе

11/11
© Sputnik / Амир Исаев
Байкер (дучархасавор) ба синну сол аҳамаият намедиҳад.