Дар ин ҳавопаймо шаҳрвандони Русия, Ӯзбакистон, Украина, Яман, Қирғизистон, Куба ва Ироқ қарор доштанд. Дар маҷмӯъ шумори онҳо ба 160 нафар мерасид. Аз ин теъдод 23 тани онҳо кӯдакон мебошанд.
Пас аз ҳашт соати парвоз ва фурудоӣ ҳамаи мусофирон аз назорати тиббӣ ва гумрукӣ гузаштанд. Касоне, ки ба ватан барагаштанӣ буданд, ба фурудгоҳҳои дигар мунтақил шуданд, бархе аз мусофирон дар меҳмонхонаҳо ҷойгир карда шуданд.
Ба қавли мусофирон, теъдоди онҳое, ки Яманро тарк карданианд, ҳоло ҳам зиёд аст.
"То ҷое ман медонам беш аз 1000 нафари дигар интизори берун баровардан аз қаламрави Яман ҳастанд ва номнавис шудаанд"- гуфт Гулнор Солеҳ аснои берун шудан аз фурудгоҳ.
Тайи чанд рӯзи ахир ҳудуди 600 нафар тариқи ҳавопаймоҳои русӣ аз Яман ба Маскав оварда шудаанд, ки аксари онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд.