ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Боз 70 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар миёнашон 14 кӯдак низ ҳаст, бо ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия аз Яман ба Маскав омаданд, менависад ОИ Авеста бо истинод ба суханони сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод.
Ба қавли вай, қарор аст, бархе аз онҳо дар наздиктарин фурсат ба ватан биёянд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, шаҳрвандони кишвар мустақим аз фурудгоҳи низомии Чкалови Русия тавассути мошинҳои вазорати ҳолатҳои фавқулода ба фурудгоҳҳои зарурӣ, аз ҷумла "Домодедово" бурда шудаанд.
"Қисми зиёде аз шаҳрвандони баргаштаи Тоҷикистон аз Яман шоми якшанбе тавассути хатсайри Маскав — Душанбе ба ватан рафтанд. Бархеи дигар тавассути хатсайри дигар, ки поси шаб ба Душанбе мепарад, ба пойтахт мераванд. Иддае имрӯз тавассути хатсайри Маскав — Кӯлоб ба зодгоҳи худ фиристода мешавад",- қайд кард Эгамзод.
Ин бозгашти дувуми табибони тоҷик тайи се рӯзи охир тавассути ҳавопаймоҳои Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия аз Яман ба Маскав аст. Шоми панҷшанбе 17 шаҳрванди Тоҷикистон, ки асосан аз бонувон — духтурон ва ҳамшираҳои шафқат иборат буда, дар муассисаҳои тиббии кишвари арабӣ кор мекарданд, тавассути чунин ҳавопаймоҳо ба пойтахти Русия омада, баъд аз зӯҳри ҷумъа панҷ нафарашон ба ватан баргаштанд.
Бозгашти табибони тоҷик аз Яман баъд аз ҳамлаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ ба Санъо, пойтахти Яман сурат мегиарад. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, баъд аз расонаӣ шудани шикояти шаҳрвандони кишвар аз вазъи нигаронкунандаашон дар ин кишвари арабӣ аз мақомот хост, аз ҳар роҳе онҳоро ба ҷои амнтар бикӯчонанд ва ё ба ватан бозпас оранд. Баъдан мақомоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълон карданд, Русия барои бозпас овардани шаҳрвандони кишвар аз Яман изҳори омодагӣ кардааст.
Гуфта мешавад, дар Яман ҳудуди 100-150 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аксарашон табиб буда, тавассути ширкатҳои русӣ ба он ҷо роҳ ёфтаанд, машғули кору зиндагиянд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои хабаргузориҳо, даргириҳо дар Яман идома доранд. Бо вуҷуди зарбаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ, шибҳанизомиёни ҳусӣ рӯзи панҷшанбе Адан, дувумин шаҳри бузурги Яманро таҳти назорат гирифтанд. Дар ин шаҳр чанд рӯз боз даргириҳои ҳусиҳо бо нерӯҳои содиқ ба раисиҷумҳури барканоршуда Абдрабу Мансур Ҳодӣ идома доштанд. Ошӯбгарон баъд аз чанд соати вуруд ба шаҳр вориди қароргоҳи раисиҷумҳур шуданд, ки дар як теппа дар маркази Адан ҷойгир шудааст.