Барои тайёр кардани харгӯш қаннод Мартин Чифферс ду рӯз вақти худро сарф кард.Ӯ ин шириниро, ки 75 дарсади он шоколад аст, барои иди Пасха омода сохт.
Харгӯш 5 килограмм вазн ва беш аз 500 000 калория дорад. Ду алмосе, ки барои чашмони харгӯш истифода шудаанд, 25 000 фунт стерлинг($ 37 000) арзиш доранд. Ҳайкалчаи шоколадӣ дар интернет барои фурӯш бо маблағи £ 33 000 ($ 49 000 / € 45 466) гузошта шудааст.
"Ба фарзандони ман маъқул шудааст, агар мо онро фурӯхта натавонем, харгӯшчаро ба духтарам медиҳам. Бигузор, онро ба мактаб бубарад ва ба ҳама нишон бидиҳад",- гуфт Чифферс.
Пасха — иди насрониён аст, ки ба эҳёи Исои Масеҳ бахшида шудааст. Онро дар калисоҳои католикӣ дар имсол рӯзи 5 апрел ҷашн гирифтанд.
Иди Пасхаи православҳо бошад, рӯзи 12 апрели соли 2015 таҷлил мешавад.