Инфиҷор дар Қундуз боиси марги масъули додситонӣ шуд

© Sputnik / Даниил Колодин / Гузариш ба медиабонкАмали террористӣ. Акс аз бойгонӣ
Амали террористӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи якшанбе дар наздикии бинои консулгарии Тоҷикистон дар Қундуз таркиш рух додааст. Мақомҳои афғонӣ мегӯянд, дар пайи ин таркиш 2 тан, аз ҷумла як корманди досдитонии Қундуз ҷон бохтаанд.

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Субҳи рӯзи якшанбе дар минтақаи Навободи Хоҷамашҳади вилояти Қундуз, дар минтақае, ки консулгарии Тоҷикистон воқеъст, инфиҷор рух дод, иттилоъ медиҳад сомонаи Khaama Press.

Ба қавли мақомоти интизомии Афғонистон дар пайи ин таркиш 2 тан, аз ҷумла як корманди досдитонии Қундуз бо исми Қадир Раҳимӣ  ҷон бохтаанд.

Саид Сарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи пулиси ин вилоят гуфт, инфиҷор аз бинои консулгарӣ дуртар буда, касе аз кормандони он осеб надидааст. Ба иттилоъи ӯ, афроди номаълум дар мошини Қадир Раҳимӣ, яке аз кормандони додситонӣ минаи магнитиро гузошта будаанд, ки дар натиҷаи инфиҷор додситон ба ҳалокат расида, нақлиёташ хароб гардид.  

Дар ҳоли ҳозир ҳеч яке аз гурӯҳҳои тундрав масъулияти таркишро ба худ нагирифтаанд.

Лентаи хабарҳо
0