ТВ: ҷангиёни “Ал-қоида” бандари баҳрӣ дар ҷануби Яманро ғасб карданд

© AP / Wael QubadyХусиҳои шӯришгар дар кӯчаҳои Адан. 2 апрели соли 2015
Хусиҳои шӯришгар дар кӯчаҳои Адан. 2 апрели соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як ҳафта боз эътилофи низомӣ таҳти сарварии Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои Халиҷи Форс, инчунин Миср, Ӯрдун ва Судон дар Яман амалиёти низомиро алайҳи ҷонибдорони ҳаракати “Ансоруллоҳ” идома медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Тундравони гурӯҳи "Ал-қоида" бандари баҳрии Ал-Мукалла дар ҷанубии Яман, воқеъ дар 800 километрии Саноъро таҳти назорат гирифтанд, менависад РИА Новости бо истинод ба шабакаи телевизионии "Ал-Маядин".

Ба иттилои шабакаи телевизионӣ, ҷангиён кулли боигарии бандарро, ки арзиш дошт ба яғмо бурданд.

Як рӯз қабл, шибҳинизомиёни "Ал-қоида" ба зиндони Ал-Мукалла ҳамла бурда, 300 маҳбусро раҳо карданд. Миёни озодшудагон пешвои гурӯҳи ҷиноӣ Халифа Батарфӣ ҳам буд, ки чор соли ахир дар маҳбас қарор дошт.

Беш аз як ҳафта боз эътилофи низомӣ таҳти сарварии Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои Халиҷи Форс, инчунин Миср, Ӯрдун ва Судон дар Яман алайҳи ҷонибдорони ҳаракати "Ансоруллоҳ"  (шиаҳои хусӣ), ки аз нисф зиёди қаламрави кишварро таҳти назорат доранд, амалиёти низомиро идома медиҳанд.

Авзоъ дар Яман муташанниҷ гардида, фазои сиёсӣ ба бӯҳрони сахт мувоҷеҳ аст. Дар ҷануби кишвар гурӯҳи "Ал-қоида дар ниҷазираи Арабӣ" фаъол шуда, дар марказ муқовимати неруҳои мусаллаҳи содиқ ба президент ва шуришиёни хусӣ давом дорад.

Лентаи хабарҳо
0