Сафири Олмон: адами ҳизби исломӣ ба тундгароӣ мерасонад

© Sputnik / Фируз УмарзодаСафири Олмон дар Тоҷикистон Ҳолгер Грин (аз рост дувум)
Сафири Олмон дар Тоҷикистон Ҳолгер Грин (аз рост дувум) - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Олмон дар Тоҷикистон Ҳолгер Грин мегӯяд, иқдоми мақомоти тоҷик дуруст аст, ки фаъолияти ҳизби дорои хусусияти диниро дар кишвар иҷозат додаанд. Ба назари вай, набуди чунин ҳизб ба тундгароӣ мебарад.

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Агар дар Тоҷикистон ҳизби исломӣ мавҷуд намебуд, дар он сурат гароиши рӯзафзуни ҷавонон ба ақидаҳои тундгароӣ боиси хатар мешуд, гуфт сафири Олмон дар Тоҷикистон Ҳолгер Грин рӯзи ҷумъа дар Душанбе.

Зимни суханронии худ дар конфронси "Тундгароии исломӣ чолиши давлатҳои дунявӣ: хатар барои ҷавонон" ин дипломат ёдрас кард, ки Тоҷикистон- ягона давлатест дар Осиёми Марказӣ, ки расман "ҳизби диннӣ иҷозаи фаъолият дорад".

"Ба назари ман ин иқдоми дуруст аст. Агар ҳизби муътадиле мавҷуд аст, пас шаҳрвандон ҳаққи интихобро доранд, онҳо метавонанд сиёсати ба худ наздикро интихоб кунанд", — гуфт Грин ва илова кард, ки дар Олмон ду ҳизби масеҳӣ фаъолият мекунад.

"Агар ҳеч ҳизбе аз идеяҳои исломӣ ҷонибдорӣ намекард, пас хатари пуштибонии ҷавонон аз ақоиди тундгароҳо бештар мешуд", — афзуд вай.

Ин изҳори назари дипломати олмонӣ дар пасманзари тундгароии ҷомеаи тоҷик дар ҳоле садо медиҳад, ки аллакай пешниҳоди бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пароканда шудааст.

Дар намози ҷумъаи 27 март имомхатибони масоҷиди ҷомеъ аз намозгузорон даъват карданд, ки аз ҳукумат бастани ҲНИТ-ро талаб кунанд.

Рӯзи панҷшанбе бо изҳороти "терористӣ эълон кардани ҲНИТ ва бастани он" мударриси Донишкадаи исломии Тоҷикистон Мулло Абдураҳим — собиқ аъзо ва яке аз қумандонҳои ин ҳизб баромад кард.

Лентаи хабарҳо
0